Айнаки машҳури Гандӣ дар Англия фурӯхта шуд
(last modified Sun, 23 Aug 2020 05:29:19 GMT )
Август 23, 2020 10:29 Asia/Dushanbe
  • Айнаки машҳури Гандӣ дар Англия фурӯхта шуд

Айнаки машҳури Маҳатма Гандӣ дар Англия ба ҳароҷ гузошта шуда ва ба маблағикалон фурӯхта шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи хабарии Ал-Олам, айнаки машҳури Раҳбари Истиқлоли Ҳиндустон Маҳатма Гандӣ, ки рӯкаши тиллоӣ дорад дар Англия ба ҳарроҷ гузошта шуда ва 260 ҳазор фунт (288 ҳазор евро - 340 ҳазор доллар) фурӯхта шуд.

Ин айнакро Гандӣ ба яке аз ақвоми фурушанда ҳадя дода буд ва фурушанда чанде пеш қасд дошт бо тасаввури беаҳамият ва камарзиш будани айнак, онро дур бияндозад.

Гандӣ ин айнакро дар даҳаи 20 ё 30 қарни бистум дар Африқои Ҷанубӣ ва замоне, ки барои ширкати нафтии "Бритиш петролиум " кор мекард ба чашм мезад.

Қиммати оғози ин  ҳарроҷ, ҳудуди 15 ҳазор фунт буд.