Октябр 10, 2016 17:54 Asia/Dushanbe
  • Талош барои барқарор кардани амнияти азодорони ҳусайнӣ дар Афғонистону Покистон

Бо таваҷҷуҳ ба эҳтимоли афзоиши амалиёти террористӣ дар айёми Тосуо ва Ошӯрои ҳусайнӣ нерӯҳои артиши Покистон вориди Парачнар ва минтақаи Ҳанго аз манотиқи қабиланишини ин кишвар дар иёлати Хайбар Пахтунхоҳ шуданд.

Артиши Покистон эълом кард, барои ҷилавгирӣ аз ҳар навъ ҳамлаи террористӣ дар айёми азодории Имом Ҳусейн (а) марзи ин кишвар бо Афғонистон то поёни Рӯзи ошӯро баста хоҳад буд. Парачнар танҳо минтақаи шианишин дар манотиқи қабиланишини Покистон аст, ки ҳамасола азодорони ҳусайнӣ дар ин минтақа ҳадафи ҳамлаи такфириҳо қарор мегиранд.

Дар ростои ташдиди тадобири амниятӣ қарор аст, дар рӯзҳои Тосуо ва Ошӯро фаъолияти хадамоти алоқа дар шаҳрҳои Кувета ва Карочӣ қатъ шавад, то аз барқарор кардани иртибот байни аъзои гурӯҳҳои террористӣ ҷилавгирӣ гардад. Таъмини амнияти азодорони ҳусайнӣ хости мардуми Покистон ва ҳамчунин Афғонистон аст, зеро баргузор шудани маҷлисҳои азодорӣ ва дастаҳои синазанӣ барои солори шаҳидон, Имом Ҳусайн (а) танҳо хоси шиаҳо дар ин ду кишвар нест, балки сунниҳо ҳам, ки иродати хосе ба аҳли байти Паёмбар (с) ва Имом Ҳусейн (а) доранд, натанҳо дар азодориҳои шиаён ширкат мекунанд, балки худ иқдом ба баргузор кардани маҷлиси азодорӣ мекунанд. Ин ба он маъност, ки масъалаи фирқагароӣ ва талош барои эҷоди нафрату душманӣ миёни шиа ва сунниҳо дар Покистон масъалаест таҳмилӣ аз сӯйи ваҳҳобиҳо, ки дар солҳои ахир бо тарвиҷи хушунат мекӯшанд, ҷомеаи Покистонро ба самти ҷанги дохилӣ савқ диҳанд. Аз ин рӯ, гурӯҳҳои террористӣ ва фирқагарое чун Лашкари Ҷаҳангвей ва Сипоҳи саҳоба, ки дар куштори шиаён, бахусус дар айёми муҳаррам даст доранд, аз сӯйи маҳофили ваҳҳобӣ ҳимоят мешаванд ва дар ҷомеаи Покистон низ гурӯҳҳои шинохташудае ҳастанд. Кушта шудани яке аз фармондаҳони Лашкари Ҷаҳангвей дар шарқи Афғонистон нишон медиҳад, ки ин гурӯҳи террористӣ ва фирқагаро ҳавзаи фаъолияти худро то Афғонистон густурдааст. Ду сол пеш низ Лашкар Ҷаҳангвей бо ҳамла ба азодорони ҳусайнӣ дар Кобул, пойтахти Афғонистон даҳҳо тан аз ононро ба хоку хун кашид. Бинобар ин ҳарчанд масдуд кардани марзҳо метавонад монеъ аз тараддуди террористҳо шавад, аммо ташдиди тадобири амниятӣ дар Покистон дар сурате метавонад муассир воқеъ шавад, ки артишу нерӯҳои амниятии ин кишвар бо қотеият ва бидуни ҳеҷ мулоҳизае бо тамоми гурӯҳҳои террористӣ ва фирқагаро бархӯрд намоянд. Зеро дар Афғонистон собиқаи ҳамла ба азодорони ҳусайнӣ бисёр кам ва дар сурати вуқӯъ ҳам воридотӣ аз Покистон аст. Бинобар ин нерӯҳои амниятӣ ва артиши ин кишвар бо озмун ва масъулияти сангине барои таъмини амнияти азодорони ҳусайнӣ ва ҷилавгирӣ аз нуфузи террористҳо ба Афғонистон рӯ ба рӯ ҳастанд.

Ба эътиқоди нозирони сиёсӣ, ба назар мерасад, артиши Покистон таҳти пӯшиши таъмини амнияти азодорони ҳусайнӣ дар садади истиқрори нерӯҳои худ дар манотиқи қабиланишини ин кишвар низ мебошад, ки то кунун гусели нерӯҳои давлатӣ бо мухолифати қабилаҳо рӯ ба рӯ будааст. Эъзоми нерӯҳои артиши Покистон бо таҷҳизоти комил, аз ҷумла зиреҳпӯш ва танк ба манотиқи Парачнар ва Ҳанго нишон медиҳад, ки онон қасд доранд, баъд аз Ошӯро низ ба ҳузури худ дар манотиқ идома диҳанд.

Бар ҳар ҳол, уламои шиа ва раҳбарони мазҳабӣ дар Покистон аз масъулини ин кишвар хостаанд, то муҷозоти эъдомро барои террористҳо ва ҳомиёни онон дар назар бигиранд, то пас аз амалиёти террористӣ барои худ ҳошияи амниятӣ эҳсос накунанд. Ин мавзӯъ аз он ҷиҳат муҳим аст, ки пас аз дастгир шудани террористҳо раванди расидагӣ ба парвандаи онон ба ҳадде тӯлонӣ мешавад, ки маҷоли фирор аз зиндон ё афв шуданро пайдо мекунанд.