Октябр 08, 2020 15:30 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Камала Ҳаррис аз рӯйкарди зиддибарҷомии давлати Трамп

Сенатори амрикоӣ ва муовини номзади ҳизби Демократии интихоботи раёсати Ҷумҳурии Амрико, аз рӯйкарди раиси ҷумҳурии ин кишвар дар баробари тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон интиқод кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Камала Ҳаррис рӯзи панҷшанбе ба вақти маҳаллӣ дар мунозираи интихоботӣ бо МайкПенс муовини Доналд Трамп, Раиси Ҷумҳурии ин кишвар гуфт : ба хотири рӯйкарди якҷонибагароӣ ва канорагиронаи  Трамп аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон хориҷ шудем .  
 Ҳаррис дар бораи густариши вируси корона низ бо интиқод аз амалкарди давлати Трамп гуфт : мардуми амрикоӣ шоҳиди бузургтарин нокомии давлат буданд .
Ин сенатори амрикоӣ ҳамчунин бо интиқод аз террори Сардор Қосим Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоб исломӣ гуфт : вокуниши Эрон мӯҷиби осеби мағзӣ ба низомиёни амрикоӣ шуд дар ҳоле ки Трамп ин мавзӯро инкор кард . 
Сенатори демократиии Калифорния аз табъизи нажодӣ дар Амрико ва мамнӯъ шудани вуруди мусулмонони бархе нуқоти ҷаҳон ба ин кишвар низ интиқод кард ва гуфт : ин бахшеи аз шеваи рафтор Трамп аст.  
Ба гуфтаи Камала Ҳаррис, Трамп дар бораи собиқаи саломатӣ ва пардохти молиёти худ низ шаффоф набудааст .
 Вай таъкид кард Трамп дар муқобили 70 миллион амрикоӣ истоду ҳозир нашуд ки сафедпӯстони нажодпарастро маҳкум кунад .
Ин сенатори демократ, ҳамчунин аз ҷанги тиҷории давлати Трамп бо Чин ва сиёсатҳои Вашингтон дар баробари Созмони паймони Атлантики шимолӣ, Нато, интиқод кард .
Аз сӯи дигар, Майк Пенс низ аз иқдоми ҷинояткоронаи низомиёни Амрикоӣ ва террори Сардор Қосим Сулаймонӣ ба дастури Трамп дифо кард .

Пенс  ҳамчунин бо такрори изҳороти Трамп муддаӣ шуд пеш аз поёни имсол 2020  миллионҳо доза ваксини корона дар Амрикои тавзиъ хоҳад шуд .
 Майк Пенс дар бораи тазоҳуроти зидди нажодпарастӣ низ гуфт дар бораи Ҷорҷ Флойд адолат бояд иҷро шавад, аммо набояд баҳонае барои шӯриш, ғоратгарӣ ва тороҷ шавад .
Мунозираи Пенс ва  Ҳаррис  баъд аз мунозираи интихоботии Доналд Трамп ва Ҷо Бойден баргузор шуд .
Бар асоси қавонини интихоботӣ дар Амрикои номзадҳои раёсати ҷумҳурӣ се бор ва муовинони онҳо як бор мунозира мекунанд .
 Мунозираи баъдии  Трамп ва Бойден 15 октябр баргузор мешавад .