Октябр 11, 2020 18:50 Asia/Dushanbe
  • Амрико дар остонаи ҷанги дохилӣ

Ифротгароёни ростгаро, таҳдиди ҷиддӣ барои интихоботи раёсати Ҷумҳурии Амрико маҳсуб мешаванд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Шӯрои равобити хориҷии Амрико бо интишори гузорише эълом кард, дар ҳоле, ки дар Иёлоти Муттаҳида поляризатсияи амиқи сиёсӣ мавҷуд аст, натиҷаи интихоботи соли 2020 албатта мояи нигаронии шадид хоҳад буд .

 

Дар гузориш омадааст, ки Раиси ҷумҳурии Амрико Доналд Трамп дурустии интихоботро хеле пеш аз оғози овоздиҳӣ зери шубҳа гузоштааст.

Дар ин гузориш тасреҳ шуд, ҷои тааҷуб нест, ки бархе аз пуршуртарин ҳомиёни Раиси Ҷумҳурии Амрико ва ҳамчунин шибҳи низомиёни ба шиддат мусаллаҳ мутааҳид  шудаанд дар сурати шикасти Трамп дар интихобот ба хушунат мутавассил шаванд.

Бар асоси ин гузориш тибқи як тахмин, ҳудуди сесад гурӯҳи мухталифи шибҳи низомиён вуҷуд дорад.ки шояд дар ҳудуди 15 то 20 ҳазор узви мусаллаҳ доранд ва ағлаб аз назари низомӣ дар ҳар иёлот омӯзиш дида ва фаъол ҳастанд.

Полиси федероли Амрико "Эф Би Эй" ва Вазорати амнияти дохилӣ дар ҳушдорҳо ба созмонҳои иҷроии қонун дар саросари кишвар дар бораи он ибрози нигаронии амиқе кардаанд.

Интихоботи раёсати Ҷумҳурии Амрико, ноябри имсол 2020 баргузор хоҳад шуд.

Раиси Ҷумҳурии Амрико Доналд Трамп, ҳамвора мавзӯи тақаллуб дар интихоботро матраҳ кардааст.

Барчасп