Оғози озмоиши як ваксинаи корона дар Жопун
https://parstoday.ir/tg/news/world-i58492-Оғози_озмоиши_як_ваксинаи_корона_дар_Жопун
Ширкати дорӯсозии Физер ( Pfizer ) ва ширкати БиоНТек ( BioNTech ) озмоишҳои болинии марҳилаи якум ва марҳилаи дувуми ваксинаи зиддикоронаии худ бо номи mRNA-ро дар Жопун оғоз карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 21, 2020 09:27 Asia/Dushanbe
  • Озмоиши ваксинаи коронаи ширкати Физер дар Жопун оғоз шуд
    Озмоиши ваксинаи коронаи ширкати Физер дар Жопун оғоз шуд

Ширкати дорӯсозии Физер ( Pfizer ) ва ширкати БиоНТек ( BioNTech ) озмоишҳои болинии марҳилаи якум ва марҳилаи дувуми ваксинаи зиддикоронаии худ бо номи mRNA-ро дар Жопун оғоз карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз Жопунниюс , ин ду ширкат дар баёнияи худ эълом карданд,ки таҳқиқашон 160 нафари аз 20 то 85 солро шомил мешавад.

 Ширкати Физер ва шарики олмониаш гуфтаанд,ки мумкин аст дар моҳи ҷорӣ таъйиди короии ваксинаи коронаии худро дарёфт кунанд, аммо ба натиҷаи озмоиши ҷаҳонии 44 ҳазор нафар ниёз дорад, ки то моҳи оянда дар дастрас нахоҳад буд.

 Жопун мутаъаҳҳид шуда аст, ки ваксинаи кофӣ барои ҳамаи мардуми худро то нимаҳои соли 2021 таъмин кунад .

 Ин кишвар илова бар Физер дар заминаи таъмини таҷҳизот бо ширкати доруии  AstraZeneca ва дигар созандагони номзадҳои ваксина дар хориҷ аз Жопун низ ҳамкорӣ мекунад .

 Озмоишҳои болинии ваксинаи озмоишии КОВИД19-и ширкати АстраЗенекаи донишгоҳи Оксфорд пас аз мутаваққиф шудан ба далели бемор шудани як довталаби англисӣ , дубора ин моҳ дар Жопун оғоз шуд .