Ваксинаи чинии Ковид -19 муваффақиятомез буд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i58910-Ваксинаи_чинии_Ковид_19_муваффақиятомез_буд
Тазриқи инсонии ваксинаи вируси коронаи нави Ковид -19 –и тавлидии кишвари Чин натоиҷи муваффақиятомезе дар пай доштааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 08, 2020 07:24 Asia/Dushanbe
  • 100 ҳазор нафар бо ваксинаи Синофарм алайҳи Ковид -19 эмин шудаанд
    100 ҳазор нафар бо ваксинаи Синофарм алайҳи Ковид -19 эмин шудаанд

Тазриқи инсонии ваксинаи вируси коронаи нави Ковид -19 –и тавлидии кишвари Чин натоиҷи муваффақиятомезе дар пай доштааст.

Ба гузориши ИРНА, Лю Ҷингҷин, раиси ширкати дорусозии “Синофарм” (Sinopharm) -и Чин гуфт, ҳеч як аз афроде ки то кунун ваксинаи коронаи сохти ин ширкатро дарёфт ва ба хориҷ сафар кардаанд, ба вируси корона мубтало нашудаанд.

Лю Ҷингҷин афзуд, то кунун 100 ҳазор нафар бо ваксинаи “Синофарм” дар муқобили бемории корона (Ковид -19) эминсозӣ шудаанд, ки аз байни онон 56 ҳазор нафар сафарҳои хориҷӣ доштаанд, вале ҳеч кадомашон корона нагирифтаанд.

Тао Лина, мутахассиси ваксина дар шаҳри Шанхайи Чин низ пешбинӣ кард, ки бар асоси додаҳои мавҷуд эҳтимол дорад, ки ваксинаи “Синофарм” ба зудӣ вориди бозор шавад.

 

Бештар бихонед: