Посухи асабии Помпео ба як пурсиши мантиқӣ
Вазири умури хориҷаи Амрико аз изҳороти як хабарнигор дар бораи беэътибор шудани баёнияҳои интихоботии Вашингтон барои дигар кишварҳо бо рафторҳои феълии Кохи сафед, хашмгин шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии шабакаи Ал-Олам, вазири умури хориҷаи Амрико Майк Помпео дар конференсияи хабарӣ дар бораи интихоботи раёсати Ҷумҳурии Амрико ва интиқоли қудратдар Кохи сафед ба хабарнигорон посух дод.
Дар ин нишасти хабарӣ як хабарнигор бо ёдоварии ин нукта, ки Вазорати хориҷаи Амрико доим бо интишори баёния барои дигар кишварҳо номзадҳои бозандаро ба пазириши натиҷаи интихобот даъват мекунад, аз Помпео пурсид: "Оё ин ки Трамп натиҷаи интихоботро намепазирад, баёнияҳои Амрико барои дигар кишварҳоро беэътибор намекунад?"
Ин пурсиш хашми Пампеоро барангехт ба тавре, ки вай дар посух гуфт: "Ин суол аҳмақона аст ва шумо ҳам медонед, ки аҳмақона аст ва ба ҳамин хотир, ки аҳмақона аст ин суолро пурсидед."
Помпео дар айни ҳол муддаӣ шуд барои Вазорати умури хориҷаи Амрико муҳим аст интихобот дар кишварҳои дигар инъикоси хости мардум бошад ва ҳаминро низ барои Амрико мехоҳад.
"Ба ҳамин тартиб, мо интизор дорем. ки дар кишвари худамон ҳамаи раъйҳо шумурда шаванд" -гуфт вай.
Пеш аз изҳороти вазири умури хориҷаи Амрико, Доналд Трамп дар чанд паёми ҷадид дар Твиттер муддаӣ шуд, ки натиҷаи интихоботи раёсати Ҷумҳурии Амрико ҳафтаи оянда мушаххас хоҳад шуд ва ӯ барандаи интихобот хоҳад буд.
Бештар бихонед: