Ноябр 11, 2020 17:04 Asia/Dushanbe
  • Эрон, Афғонистон, Муғулистон ва Беларус аъзои нозири Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ҳастанд
    Эрон, Афғонистон, Муғулистон ва Беларус аъзои нозири Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ҳастанд

Таҳаввулоти чанд даҳаи ахир дар фазои геополитикии АвруОсиё ва манотиқи перомунии он, тақвият ва тавсеаи ҳамкориҳо дар даруни созмонҳои минтақаиро ба як зарурат табдил кардааст.

Дар посух ба ин зарурат, Созмони Ҳамкории Шанхай дар соли 2001 бо мушорикати Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон бо рӯйкарди ҳамкориҳои чандҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ бунён гузошта шуд.

Ин созмон акнун 12 узв дорад. Ҷумҳурии исломии Эрон, Афғонистон, Муғулистон ва Беларус аъзои нозири ин созмон ҳастанд. Ҳузури Эрон ба унвони узви нозир дар СҲШ фурсатҳои тозаеро барои ҳамкориҳои мутақобил дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, сиёсӣ ва амниятӣ бо тавваҷуҳи зарфиятҳои Эрон, эҷод кардааст.

Кӯзагар Колҷи, коршиноси Осиёи Миёна ва Қафқоз дар арзёбии аҳамияти нақши Эрон дар ин созмон мегуяд: “Дар ин созмон гуруҳи мутанаввеъе аз ҳамкориҳои мухталиф дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ анҷом мешавад. Ба унвони мисол, дар мавзӯи масоили амниятӣ метавон ба баҳси мубориза бо терроризм, ҷудоиталабӣ, ифротигароӣ ва қочоқи маводи мухаддир ишора кард.

Дар ҳавзаи иқтисодӣ низ масоиле аз ҷумлаи энергетика, гумрук ва транзит дорои аҳамият аст, ки то кунун мавриди ҳамкорӣ қарор гирифта ва дар заминаҳо ҳузури Эрон ҳатто дар вазъияти нозир низ тифи мутанаввеъе аз ҳамкортҳоро шомил шудааст, ки дар сурати тағйири вазъият ба унвони узви аслии тн ҳамкортҳо бештар мешуд”.

Он чӣ бар аҳамияти аҳдофу барномаҳои ин созмон дар солҳои ахир афзуда, таҳаввулоте аст, ки дар ҷуғрофиёи АвруОсиё ва манотиқи перомунии он рӯй додааст. Чолишҳое ҳамчун якҷонибагароии Амрико, таҳримҳо ва ихлол дар раванди интиқолу амнияти энергетика аз масоиле аст, ки муҷиби тавваҷуҳи бештар ба аҳамияти нақши Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар ҷиҳати муқобила бо таҳдидҳои минтақаӣ шудааст.

Ҳусайн Асубалиев, коршиноси масоили сиёсӣ бо ишора ба аҳдофи Амрико дар бар ҳам задани назми минтақа мегӯяд: “Эрон бо иқдомоте ки барои таъмини амнияти минтақаӣ сурат медиҳад, ба омили субот дар Осиёи Марказӣ ва ҳавзаи Хазар табдил шудааст.

Дар арсаи иқтисодӣ ва тиҷорӣ низ Эрон фурсатҳои тозае барои ҳамкорӣ эҷод кардааст. Эрон акнун бо эҷоди манотиқи озоди тиҷорӣ ва пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳамкории худро бо ин иттиҳодия густариш додааст. Тиҷорати 15 миллиарддолларии Эрон бо аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар ҳафт моҳи гузашта низ баёнгари вуҷуди зарфиятҳои рӯ ба рушд барои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ аст. Эрон ҳамчунин ба унвони яке аз шоҳроҳҳои мувосилотӣ дар ғарби Осиё, қодир ба таъмини ниёзҳои зербиноии бисёре аз кишварҳои минтақа ва аъзои Созмони Шанхай аст.

Бо иттисоли масири роҳи оҳани Рашт – Бандари Анзалӣ дар ҳошияи дарёи Хазар, такмили масири рейлии каридори Шимол – Ҷануб, ин дастрасиҳо бештару зудтар мешавад.

Бо тавваҷуҳ ба маҷмӯаи ин зарфиятҳо, дар бистумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки рӯзи сешанбе ба сурати маҷозӣ ва бо мизбонии Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия баргузор шуд. Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бар тақвияти ҳамкориҳои Эрон бо Созмони Ҳамкории Шанхай дар замининаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва амниятӣ ва ҳамчунин муқобилаи муассир бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир таъкид кард.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп