Ноябр 23, 2020 18:26 Asia/Dushanbe
  •  Тарҳи ҷаҳонии ихтисоси ваксинаи Ковид -19 дар соли 2021 иҷро мешавад
     Тарҳи ҷаҳонии ихтисоси ваксинаи Ковид -19 дар соли 2021 иҷро мешавад

Сандуқи кӯдакони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) аз тақсими ду миллиард дозаи ваксинаи корона ба кишварҳои фақир ва дар ҳоли тавсеа хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерс, Юнисеф имрӯз, душанбе эълом кард: Ин ниҳод дар чаҳорчӯби тарҳи ҷаҳонии ихтисоси ваксинаи Ковид -19 бо ҳамкории Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар соли 2021 ду миллиард доза ваксинаи коронаро ба кишварҳои дар ҳоли тавсеа ва фақири ҷаҳон таҳвил хоҳад дод.

Сандуқи кӯдакони милали муттаҳид ҳамчунин таъкид кард, барои интиқоли ваксинаи корона ва як миллиард сӯзандору ба кишварҳои фақире ҳамчун Бурунди, Афғонистон ва Яман дар ҳоли ҳамкорӣ бо 350 ширкати ҳавопаймоӣ ва хати киштиронӣ аст.

Бар асоси охирин омор то кунун 59 миллиону 32 ҳазору 743 нафар дар ҷаҳон ба вируси Ковид -19 мубтало шудаанд.

Ҳамагирии вируси корона як миллиону 394 ҳазору 389 нафар аз мардуми ҷаҳонро ба коми марг кашидааст.

 

Бештар бихонед: