Ҳадяи аҷиби модарарӯс ба домод хабарсоз шуд!
Ноябр 30, 2020 14:21 Asia/Dushanbe
Модарарӯси покистонӣ бо ҳадяи аҷибе, ки ба домоди худ дар ҷашни арӯсӣ дод, ба сужаи расонаҳо табдил шуд.
Дар як ҷашни арӯсӣ дар Покистон модари арӯс як аслиҳаи AK-47 (Калашников) -ро ба домодаш ҳадя дод.
Бино ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ дар Покистон, модари арӯс дар ин кишвар ба “Калашников” маъруф шудааст.
Ин иқдом интиқодҳои бисёреро дар ҷомеаи Покистон барангехта аст.