Декабр 02, 2020 19:37 Asia/Dushanbe
  • Музокироти сулҳи Афғонистон аз дувуним моҳ пеш то кунун ба натиҷаи мушаххасе нарасидааст
    Музокироти сулҳи Афғонистон аз дувуним моҳ пеш то кунун ба натиҷаи мушаххасе нарасидааст

Сухангӯёни ҳайати давлат ва гурӯҳи Толибон бо таъйиди ниҳоӣ шудани дастури кори музокироти сулҳ эълом карданд, ки акнун гуфтугӯҳо дар мавриди барномаи аслии сулҳ байни ду тараф оғоз шудааст.

Ба гузориши ИРНА, Аҳмаднодир Нодирӣ, сухангӯи ҳайати давлати Афғонистон дар Доҳа гуфт, ки музокирот бар сари чорчӯби гуфтугӯҳо ниҳоӣ шудааст ва тарафҳои музокиракунанда акнун гуфтугӯҳоро рӯйи барномаи музокироти сулҳ оғоз кардаанд.

  • Муҳаммад Наим, сухангӯи ҳайати гурӯҳи Толибон низ гуфтааст, дастури кори музокирот ниҳоӣ шудааст.

Агар мушкиле дар ин раванд ба вуҷуд наёяд, пас аз наздик ба се моҳ ҳайатҳои ду тараф муваффақ шудаанд танҳо бар сари чорчӯби музокирот тавофуқ кунанд ва баҳси аслии сулҳ, ки чолиши аслии давлат ва гурӯҳи Толибон мебошад, оғоз хоҳад шуд.

Ҳарчанд ҳанӯз хостаҳои ду тараф дар робита бо сулҳи Афғонистон равшан нест, аммо сарони НАТО ва фиристодаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон аз ду тараф хостаанд, ки бо оғози гуфтугӯи расмии сулҳ дар марҳалаи нахуст, хушунатҳо коҳиш ёбад.

Музокироти сулҳи давлати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон дувуним моҳ пеш дар Доҳа ба сурати расмӣ оғоз шуд, аммо то кунун ба натиҷаи мушаххасе нарасидааст.

 

Бештар бихонед: