Аҷибтарин ва қавитарин суски ҷаҳонро бишиносед
Суски оҳании гунбадӣ, ҷонваре аст, ки бо пӯшиши зиреҳӣ монанд, тавоноии таҳаммули 39 ҳазор баробари вазни худро дорад.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, ин навъ суск(гамбӯсак-жук) дар сӯрати убӯри мошин аз рӯяш метавонад, сангинии мошинро таҳаммул кунад ва зинда бимонад.
Муҳақиқони Донишгоҳи Калифорния тавзеҳ додаанд, ки пӯшиши боли суск бо ҳам таркиб шуда ва зиреҳи сиёҳу зариф эҷод кардааст, ки ба ин ҷонвар кумак мекунад то дар ҳудӯди 39 ҳазор баробари вазни бадани худро таҳаммул кунад.
Ин дар ҳоле аст, ки як Горилла метавонад фақат аҷсоме 10 баробари вазни худро ҷобаҷо кунад.
Тавоноии ин суск тақрибан бо як инсони тануманд баробар аст, ки метавонад ҳудӯди 280 автобӯси ду табақаро ба дунболи худ бикашонд ва ҷобаҷо кунад.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Аҷибтарин моҳии дунё, ки дар хушкӣ зиндагӣ мекунад + тасовир
- Аҷибтарин ҷодаи ҷаҳон бо моҳиҳо тасодуф накунед!+ Филм
- Аҷибтарин расми ҷаҳон барои бачадор шудани занони нозо + Филм