Эъломи омодагии Путин барои беҳбуди равобит бо Амрико; чашмандозе номаълум
(last modified Sat, 19 Dec 2020 12:21:15 GMT )
Декабр 19, 2020 17:21 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодагии Путин барои беҳбуди равобит бо Амрико; чашмандозе номаълум
    Эъломи омодагии Путин барои беҳбуди равобит бо Амрико; чашмандозе номаълум

Муносибатҳои Русия бо Амрико пас аз буҳрони Украина дар соли 2014 равобите пуртаниш будааст. Масоил ва ахлоқоти мутаадиде акнун бар равобити байни Маскав ва Вашингтон соя афкандааст. Русия умедвор аст, ки бо рӯи кор омадани Ҷо Байден дар Амрико, таҳаввуле дар ин замина эҷод шавад.

Раиси Ҷумҳурии Русия Владимир Путин дар конференсияи матбуотии солонаи худ гуфт: Мо барои идомаи гуфтугӯҳо бо Вашингтон омодагӣ дорем ва Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико низ ба таври ғайримустақим омодагии худро барои музокира бо Маскав эълом кардааст. Вай таъкид кард, ки токунун нишонае аз тамоюли тарафи амрикоӣ барои гуфтугӯ дар бораи тамдиди паймони старти ҷадид надидааст. Путин ҳамчунин бо баёни ин ки Трамп дастнишондаи вай дар Кохи сафед нест, гуфт: Русия ба интихоби Трамп дар интихоботи 2016 кумак накард ва умедвор аст бо  ҳузури Байден дар Кохи сафед, равобити ду кишвар беҳтар шавад.

 
Раиси Ҷумҳурии Русия дар авосити ноябри 2020 низ дар мавриди равобити Русия ва Амрико эълом кард: равобити Маскав ва Вашингтон он қадар бад шудааст, ки бадтар аз ин мумкин нест.
 

 

Русия, ки пас аз интихоботи раёсатҷумҳурии 2016 Амрико ҳамвора аз ҷониби Демократҳо бо иттиҳоми дахолат дар ин интихобот ба нафъи Трамп мувоҷеҳ буда, акнун бар ин гумон аст, ки мумкин аст дар давраи раёсати ҷумҳурии Байден таҳаввулии мусбат дар равобити ду кишвар эҷод шавад. Бо ин ҳол аммо чашмандози чандон умедбахше дар ин замина вуҷуди надорад.

Яке аз далоил ин аст, ки давлати Амрико ҳамчунон Маскавро ба дахолат дар интихоботи Амрико муттаҳам мекунад ва ҳатто мақомоти федеролӣ борҳо дар ин замина ба Маскав ҳушдор додаанд. Дар ҷадидтарин мавзегирӣ дар ин замина «Ҷон Ротклиф»(John Ratcliffe ) мудири иттилооти миллии Амрико гуфт: «Дахолатҳои хориҷӣ тавассути Чин, Эрону Русия дар интихоботи ноябри имсол вуҷуд дошта ва мунтазири гузориши аланиёфтаҳо дар ин бора дар моҳи январ аст».

Ба ин тартиб мушаххас аст, ки Вашингтон ҳамчунон муддаии тадовуми дахолатҳои Русия дар равандҳои интихоботии Амрико аст ва лизо интизор меравад, ки давлати Байден низ дар ин заминаи мавзегирии манфӣ алайҳи Русия намояд.

Ба гуфтаи Павел Шариков (Pavel Sharikov ) коршиноси сиёсии рус, далели тирагии равобити дуҷонибаи Амрико ва Русия ин аст, ки « масъалаи Русия» ба мавзӯе барои мунозиоти сиёсии дохилии Амрико табдил шудааст.
 

Масъалаи дигаре, ки ба бадбинии Вашингтон нисбат ба Маскав доман зада, масъалаи нуфузи густардаи ҳакерҳо ба ниҳодҳо ва вазоратхонаҳои федероли Амрикост, ки акнун бо ҳамлаи сойберии бесобиқае мувоҷеҳ шудаанду дар ин замина низ расонаҳои амрикоӣ, ангушти иттиҳомро мутаваҷҷеҳи Русия кардаанд. Байден аз ҳамакнун мавзегирии тунде дар ин замина анҷом дода ва омилони ин ҳамлаи сойбериро таҳдид кардааст. 

Масъалаи дигар ин ки Байден ва тими вай токунун мавзеи хосе дар бораи ояндаи паймонҳои контроли таслеҳот иттихоз накардаанд. Дар давраи зимомдории Трамп, Амрико аз бархе аз ин паймонҳо хориҷ шуда ё монанди паймони страти ҷадид, дар садад аст аз онҳо хориҷ шавад. Ин мавзӯ, бадбинии русҳоро дар бораи ин ки мумкин аст давлати ояндаи Амрико низ хати машии Трампро дунбол кунад, дар пай доштааст.

Ҳанӯз байни Иёлоти Муттаҳида ва Русия дар дигар соҳаҳо камбудиҳо мавҷуданд, аз ҷумла мавқеи манфии Вашингтон дар бораи густариши муносибатҳои гази Русия ва Аврупо ва сохтмони лӯлаи гази "Стрим-2" ва исрори Вашингтон дар мавриди идомаи тавсеаи таҳримҳо алайҳи Русия. Ҳамзамон, метавон  интизор дошт, ки баҳси ИМА ва Русия бар сари бӯҳронҳои минтақавӣ, аз қабили бӯҳрони Сурия ва масъалаҳои муҳим, аз қабили созишномаи ҳастаии Эрон ва ояндаи Венесуэла, дар маъмурияти Байден идома хоҳад ёфт.

Бештар бихонед: