Бозхонии ҷинояте, ки Трамп омилонашро табраа кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i60223-Бозхонии_ҷинояте_ки_Трамп_омилонашро_табраа_кард
Давлат ва мардуми Ироқ ҳукми авфи раёсатҷумҳурии Трамп барои омилони "куштори майдони Насур"- и Бағдодро ҳукме ноодилона ва ғайриинсонӣ медонад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 26, 2020 19:01 Asia/Dushanbe
  • Чор нафаре, ки Трамп онҳоро афв кардааст, дар Бағдод 16 ғайринизомиро ба қатл расонда буданд
    Чор нафаре, ки Трамп онҳоро афв кардааст, дар Бағдод 16 ғайринизомиро ба қатл расонда буданд

Давлат ва мардуми Ироқ ҳукми авфи раёсатҷумҳурии Трамп барои омилони "куштори майдони Насур"- и Бағдодро ҳукме ноодилона ва ғайриинсонӣ медонад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, чаҳор тан аз низомиёни собиқи амрикоӣ, ки дар ширкати амниятии хусусии Блак вотар дар Ироқ кор мекарданд ва ҷинояти маъруф ба куштори Майдони Насури  Nisour Бағдодро рақам заданд, аз ҷумла касоне буданд, ки машмули авфи Доналд Трамп раисҷумҳури Амрико шуданд.

Ин чаҳор муздури ширкати Блаки вотар 16 сентябри соли 2007 ҳангоми гусел кардани як гурӯҳ аз коркунони дипломатии амрикоӣ дар майдони Насури Бағдод ба рӯи ғайринизомиён оташ гушуданду дасти кам 14 нафарро ба қатл расонданд.

Николас А.Слаттен Nicholas A . Slatten пас аз чанд муҳокима ва фарҷомхоҳӣ, ба ҷурми қатли амд ба ҳабси абад ва се ҳамкори ӯ ба ҷурми қатли ғайриамд ба 30 соли зиндон маҳкум шуда буданд, аммо бо ҳукми Трамп озод шуданд.

Кохи сафед пас аз афви ин муҷримон эълом кард онҳо собиқаи тӯлонии дар хидмат ба Амрико доштаанд.

Муҷримон ин парванда аз ҳамон оғози кори иттиҳоми қатли амду қатли ғайриамдро дар бораи худ пазируфта, аммо муддаӣ шуда буданд, ки дар шароити вижа ва барои дифо аз худ, ғайринизомиёнро ба рагбор бастаанд.

Бештар бихонед: