Январ 04, 2021 15:50 Asia/Dushanbe
  • Михаил Ульянов мегӯяд, ки Иёлоти Муттаҳида ният дорад Ҷанги Сардро оғоз кунад
    Михаил Ульянов мегӯяд, ки Иёлоти Муттаҳида ният дорад Ҷанги Сардро оғоз кунад

Намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена Амрикоро ба оғози ҷанги сард дар сатҳи ҷаҳонӣ муттаҳам кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Михаил Улянов рӯзи душанбе дар сафҳаи Твиттерии худ дар посух ба Твиттер Майк Помпео вазири умури хориҷаи Амрико, ки гуфта буд Вашингтон бояд ба Русия низ монанди  Чин беэътимод бошад ва иқдомоташро ростӣ озмоӣ кунад, навишт: «Ҳадафи Амрико аз иқдомоташ ҳифзи доимии танишҳо дар сатҳи ҷаҳон асту ин дар ҳолест, ки ҷаҳон ба дастури кори мусбат ниёз дорад.»

Равобити Русия ва Амрико тира асту мақомҳои амрикоӣ борҳо Русияро ба ҳамалоту душманӣ алайҳи Вашингтон муттаҳам кардаанд.

Дар охирин мавриддр аз ин иттиҳомҳо дар декабри 2020 вазири умури хориҷаи иёлоти муттаҳидаи Русияро масъули ҳамалоти соёберии густардаи ахир ба сомонаҳои компютерии давлати Амрико донист ва гуфт: «Комилан равшан аст, ки русҳо дар ин фаъолиятҳо даст доштанд.»

Амрико дасти кам ҳар моҳ як бастаи таҳримҳои иқтисодӣ ва молӣ дар мавриди шаҳрвандони рус ё ширкатҳои ин кишвар вазъ мекунад.

 

Бештар бихонед: