Адои эҳтироми Венесуэла ба сардор шаҳид Қосими Сулаймонӣ  
(last modified Fri, 15 Jan 2021 15:12:52 GMT )
Январ 15, 2021 20:12 Asia/Dushanbe
  • Дар пойтахти Венесуэла ба мақоми шаҳид Қосими Сулаймонӣ адои эҳтиром шуд
    Дар пойтахти Венесуэла ба мақоми шаҳид Қосими Сулаймонӣ адои эҳтиром шуд

Давлати Венесуэла ба сардори сипаҳбуд шаҳид Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки дар сеюми январи соли 2020 ба дасти Амрико дар Ироқ ба шаҳодат расид, адои эҳтиром кард.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Ҳиспон ТВ”, мақомоти маҳаллии Каракас, пойтахти Венесуэла маросими ёдбуде ба манзури бузургдошти сардор шаҳид Қосими Сулаймонӣ дар майдони Симон Боливари ин шаҳр баргузор карданд.

Майдони таърихии Симон Боливар ба ёди ду марди инқилобии Ҳуго Чавез, раҳбари фақиди Венесуэла ва сардор Қосими Сулаймонӣ гулороӣ шуд.

Ин майдон яке аз минтақаҳои муҳими шаҳри Каракас аст, ки дар он муҷассамаи Боливор, инқилобии таърихсозу машҳури Амрикои Лотин низ қарор дорад.

Маросими бузургдошти сардор Сулаймонӣ бо ҳузури хонуми Арика Фариас, шаҳрдори Каракас, Ҷаклин Фариа, раиси давлати маҳаллии ин шаҳр ва Ҳуҷҷатуллоҳ Султонӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Венесуэла баргузор шуд.

Дар бахши дигар аз ин маросим, рӯнамоӣ аз китоби “Амӯям Сулаймонӣ” низ баргузор шуд.

Ин китоб вижаи кӯдакону навҷавонони испониёизабон аст, ки интишороти байналмилалии “Фонуси дарёӣ” онро ба чоп расондааст.

 

Бештар бихонед: