Октябр 17, 2016 20:53 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши муовини муфтии Русия ба тарҳи иддаоҳо зидди маросими Ошӯро

Муовини аввали Шӯрои муфтиҳои Русия, олитарин ниҳоди мазҳабии кишвар, иддаои матраҳ шуда, дар бораи баргузории маросими Ошӯро аз сӯи яке аз мақомҳои маҳаллии Маскавро рад кард.

Ба гузориши ИРНА, Дамир Муҳиддинов, муовини аввали Шӯрои муфтиҳои Русия рӯзи душанбе дар номае ба шаҳрдории пойтахти Русия бо радди изҳороти Игнатенко-муовини Идораи умури динии шаҳрдории Маскав, бино бар тафриқаомез будани маросими Ошӯро, аз баёни ин гуна мавозеъ ибрози нигаронӣ кард.

Муовини аввали Шӯрои муфтиҳои Русия, дар ин нома навиштааст, иддаои матраҳ шуда, бино бар тафриқаомез будани Ошӯро нодуруст аст ва тарҳи он сабаб таниш мешавад.

Ба навиштаи Дамир Муҳиддинов, тарҳи иддаоҳои нодуруст ва пардохтан ба ин мавзӯи ҳассос, на фақат ба ваҳдати мусулмонон зарба мезанад, балки ба сиёсатҳо ва ҳамоҳангиҳо дар заминаи равобити мазҳабии пойтахти Русия латма ворид мекунад.

Ин муфтӣ дар поён бо тавваҷуҳ ба барномаи мизбонии пойтахти Русия, барои баргузории як нишасти ҷаҳонии исломӣ, иддаои мақоми маҳаллии Маскавро ногувор ва зананда хонанда аст.

Имсол маросими сӯгвории моҳи муҳаррам, бавижа барномаҳои "тосуъо, ошӯро ва шоми ғарибон" ба сӯрати густарда дар беш аз 70 масҷид ва марокизи ибодӣ, дар шаҳрҳои мухталифи Русия баргузор шуд.

Дар ин маросимҳо афзӯн бар ҳузури пуршумори ҳазорон мусулмони русӣ, шаҳрвандони кишварҳои исломӣ низ ҳузуре густарда доштанд.