Шарти шохаи иншиобии Толибон барои музокира бо давлати Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i6229-Шарти_шохаи_иншиобии_Толибон_барои_музокира_бо_давлати_Афғонистон
Шохаи иншиобии гурӯҳи Толибон ба сурати машрут барои музокира бо давлати Афғонистон эъломи омодагӣ кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 18, 2016 16:08 Asia/Dushanbe
  • Шарти шохаи иншиобии Толибон барои музокира бо давлати Афғонистон

Шохаи иншиобии гурӯҳи Толибон ба сурати машрут барои музокира бо давлати Афғонистон эъломи омодагӣ кард.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, Мулло Абдулманон Ниёзӣ, сухангуи шохаи  Мулло Расул эълом кард: Дар сурати хуруҷи комили низомиёни хориҷӣ аз Афғонистон, ин гурӯҳ омодаи музокироти сулҳ бо давлати Афғонистон аст ва ҷанг дар Афғонистонро мутаваққиф мекунад .

Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ шудааст, ки гузоришҳои тайиднашуда аз музокироти махфии давлати Афғонистон бо гурӯҳи Толибон дар Қатар хабар медиҳад мавзуе, ки давлати Афғонистон токунун онро тайид накардааст .

Чанде пеш Ҳизби исломии Ҳикматёр низ бо имзои тавофуқномаи сулҳ бо давлати Афғонистон ба раванди сулҳ пайваст .