Октябр 19, 2016 12:28 Asia/Dushanbe
  • Афғонистон қурбонии сиёсатҳои ғарб

Коршиноси сиёсии афғон гуфт: Афғонистон қурбонии сиёсатҳои манфиатталабонаи ғарб шудааст.

Латиф Назрӣ, коршиноси сиёсии афғон бо ишора ба изҳороти ахири Муҳаммад Исмоилхон, аз раҳбарони ҷиҳодии Афғонистон мабнӣ бар инки ҷанг дар ин кишвар ҷанги қудратҳои хориҷӣ аст, афзуд: Қудратҳои ғарбӣ дар талошанд, Афғонистонро ба Сурияи дуввум табдил кунанд .

Назрӣ таъкид кард: Амрико ва Созмони НАТО бо ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ, бадунболи рақобат бо Русия ва Чин ва тасаллут бар манобеи энержии Осиёи Марказӣ ҳастанд .

Коршиноси сиёсии афғон бо ишора ба инки ноамниҳо аз ҷануби Афғонистон ба марказу шимоли ин кишвари густариш пайдо кардааст, тасреҳ кард: Ғарбиҳо ба дунболи густариши ноамниҳо аз шимоли Афғонистон ба самти кишварҳои рақиби худ яъне Чин ва Русия ҳастанд .

Ин коршиноси афғон таъкид кард: Сиёсатҳои ғарб ҳамвора ба зоҳир бо иддаои ҳуқуқи башар, демократия ва озодихоҳӣ ҳамроҳ буда, аммо чизе ҷуз қатли омму наслкушӣ дар пай надошта ва мардуми Афғонистон чаҳордаҳ сол аст, ки қурбонии ин сиёсатҳо ҳастанд .