Дипломати рус: Алайҳи Эрон қатъномаҳои "аҳмақона" надиҳед
(last modified Wed, 03 Mar 2021 09:57:18 GMT )
Март 03, 2021 14:57 Asia/Dushanbe
  • Михаил Ульянов, як дипломати аршади Русия аз тасмимҳои Олмон, Фаронса ва Бритониё дар мавриди Эрон интиқод кард
    Михаил Ульянов, як дипломати аршади Русия аз тасмимҳои Олмон, Фаронса ва Бритониё дар мавриди Эрон интиқод кард

Намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена қарори Олмон, Фаронса ва Бритониё дар бораи пешниҳоди қатъномаҳои интиқодӣ алайҳи Эронро дар Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ "аҳмақона" тавсиф кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Михаил Улянов рӯзи чаҳоршанбе дар паёме, ки дар ҳисоби Твиттерии худ мунташир кард, навишт: «Тасвиби ин қатъномаи аҳмақона  метавонад чашмандозҳои эҳёии тавофуқи ҳастаиро дуруст дар лаҳзае, ки ин кор бисёр имконпазир шудааст заиф кунад.»

 Рӯзи сешанбе Вазири корҳои хориҷии Фаронса Жан-Ив Ле Дриан аз нияти кишварҳои узви аврупоии узви Барҷом ё тавофуқи ҳастаӣ барои пешниҳоди як қатъномаи зидди Эрон ба Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ дар бораи Эрон хабар дод.

Раиси ҷумҳурии собиқи Амрико Доналд Трамп  рӯзи сешанбеи 8 майи 2018 ба таври якҷониба бо зери по гузоштани таъаҳҳудоти Вашингтон дар Барҷом кишварашро аз ин тавофуқи байналмилалӣ хориҷ кард ва таҳримҳои ҳастаӣ алайҳи Эронро бозгардонд.

Эрон ба дунболи хуруҷи якҷониба ва ғайриқонунии Амрико аз Барҷом талош кард тавофуқи ҳастаиро ба шарти амал кардани дигар тарафҳои ин тавофуқ ба таъаҳҳудоташон ҳифз кунад бо ин ҳол аврупоиҳо ба ваъдаҳояшон барои ҳифзи ин тавофуқ амал накарданд.

 

Бештар бихонед: