Март 27, 2021 13:38 Asia/Dushanbe
  • Коршиносон мегӯянд, ки боз шудани канали Суэц чанд рӯз тӯл мекашад
    Коршиносон мегӯянд, ки боз шудани канали Суэц чанд рӯз тӯл мекашад

Баста шудани канали Суэц ҳаракати шиноварҳои ҳомили қаҳваи Робустаро, ки барои тавлиди нескафе истифода мешаванд, мутаваққиф кардааст, ки ин мавзӯ бештарин осебро ба бозори Аврупо ворид хоҳад кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, рӯзи панҷшанбеи гузашта як киштии бузурги борбарӣ ҳангоми давр задан дар канали Суэц ба гил нишаст ва ин масири обии муҳими ҷаҳонро баст. 

Тамоми қаҳваҳои  Робуста, ки аз шарқи Африқо ва Осиё ба кишварҳои аврупоӣ содир мешавад, аз масири канали Суэц убур мекунад ва баста шудан ин канал садамоти қобили таваҷҷӯҳе ба санъати қаҳваи ворид ва бозори Аврупоро бо эҳтимоли камбуди қаҳва рӯ ба рӯ кардааст. 

Ин дар ҳолест, ки коршиносон мегӯянд, ки боз шудани канали Суэц  якчанд рӯз тӯл мекашад. 

Тасвирҳои моҳвораӣ нишон медиҳанд, ки чӣ гуна ҳашт бандкаш ​​мекӯшанд киштии 400-метраро ба обҳои амиқтар кашанд, аммо бо назардошти сигнали GPS-и киштӣ, ин талошҳо то ҳол бенатиҷа будаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп