Оғози иҷлоси Маҷмаи ҷаҳонии "Бедории исломӣ" дар Бағдод
Нуҳумин иҷлоси Шӯрои олии Маҷмаи ҷаҳонии "Бедории исломӣ" аз субҳи шанбе дар Бағдод, пойтахти Ироқ оғоз ба кор кард.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи "ал-Олам", нуҳумин иҷлоси ин маҷмаъ барои аввалин бор дар хориҷ аз Эрон баргузор мешавад. Ҳадаф аз ин ҳамоиши байналмилалӣ муборизаи мунсаҷим алайҳи ҷараёнҳои такфирию ифротӣ ва ҳомиёни онон бо таъкид ба иштироки мусалмонон ва парҳез аз ҳар гуна тафриқа аст. Дар ин иҷлос Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ, Алиакбари Вилоятӣ, дабири кулли Маҷмаи ҷаҳонии "Бедории исломӣ", Сайидумар Ҳаким, раиси Эътилофи миллии Ироқ, Нурӣ Моликӣ, раиси Эътилофи давлати қонун, нахуствазири пешини Ироқ ва дигар мақомоти ироқӣ, ҳамчунин бархе аз шахсиятҳои кишварҳои исломӣ низ ҳузур доранд. Ин ҳамоиши байналмилалӣ ба муддати ду рӯз дар Бағдод идома меёбад.