Май 03, 2021 17:59 Asia/Dushanbe
  • Зиндагӣ дар ин деҳа барои қадкӯтоҳҳо  роҳат аст
    Зиндагӣ дар ин деҳа барои қадкӯтоҳҳо роҳат аст

Дунёи сеҳрангези мухтас ба инсонҳое, ки қади кӯтоҳи ғайримаъмулӣ доранд дар наздикии шаҳри Кунминаги Чин яке аз маконҳои сайёҳӣ дар ин кишвар аст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз бошгоҳи хабарнигорони ҷавони Эрон; ин деҳкадаи мунҳасир ба фард фақат махсуси қадкӯтоҳҳост ва онҳо ҳамонандҳои худро аз саросари дунё дар ин минтақа мепазиранд. 

Акнун ҷамъияти ин деҳкада  125 нафар аст ки аз 19 то 48 сол син доранд. 

Хонаҳои онҳо дар шакли дарахтон ва занбурӯғҳо мебошанд ва аксари сокинон дар хонаҳое зиндагӣ мекунанд, ки таҷҳизоти ҳаммом ва ҳоҷатхона ва ҷиҳози онҳо мувофиқи намуди зоҳирии онҳо сохта шудаанд.

Деҳкадаи қадкӯтоҳҳо дар Чин
 Деҳкадаи қадкӯтоҳҳо дар Чин

Зиндагӣ дар ин деҳа барои қадкӯтоҳҳо бароҳат аст, онҳо хона ва кори худро доранд ва касе нест, ки барои намуди зоҳириашон онҳоро масхара кунад. Дар деҳа инчунин мактаб ва беморхона, супермаркет, қаҳвахона, дарсҳои забони англисӣ, толори варзишӣ ва гулпарварӣ мавҷуданд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп