Исломгароён дар Амрико маросими иди давлати Байденро таҳрим карданд
Шӯрои равобити амрикоӣ–исломӣ ( CAIR ) ба далели мавзеи давлати Байден дар қиболи Исроил ва афзоиши хушунатҳои ин режим дар навори Ғазза маросими ҷашни иди солонаи Кохи Сафедро таҳрим кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Шӯрои равобити амрикоӣ-исломӣ, ки як созмони барҷастаи мусулмонон дар Амрико аст, субҳи якшанбе дар баёнияе эълом кард дар мавриди вокуниши фавқулодда ноумедкунанда ва амиқан озордиҳандаи Кохи Сафед дар баробари хушунатҳои режими саҳюнистӣ, ин созмон барои таҳрими маросими иди солонаи Кохи Сафед ба дигари гурӯҳҳо мепайвандад .
Ниёҳод Авод-дабири кулли Шӯрои равобити амрикоӣ-исломӣ таъкид кард, ки ҳузур дар ин маросим ба маънои воқеии калима ба бомбагузории беравияи мардон, занону кӯдакони бегуноҳ дар давлати апартеиди Исроил кумак ва онро тавҷеҳ мекунад .
Ба гуфта Авод, Ҷо Байден-раиси ҷумҳӯрии Амрико аз қудрати сиёсиву иқтидори ахлоқӣ барои ҷилавгирӣ аз ин беадолатиҳо бархурдор аст ва мо аз ӯ мехоҳем дар канори қурбониён биистад .
Дабири кулли Шӯрои равобити амрикоӣ - исломӣ афзуд : Агар Кохи Сафед бо марги рӯзафзуни кӯдакони фаластинӣ ба шеваи ғайриахлоқӣ канор биёед, бояд гуфт ки дар маърази осеб расондани шадид ба равобити Байден бо мусулмонони амрикоӣ ва дигар афроде аст, ки аз ҳуқуқи маданӣ ва инсонӣ дифоъ мекунанд .
Сенатори Берни Сандерс-узви Конгресси Амрико низ дар навишторе бо ишора ба кумаки солонаи наздик ба чаҳор миллиард долларии Амрико ба режими саҳюнистӣ гуфтааст, ки кишвараш дигар наметавонад барои иқдомоти давлати ростгароии Бинямин Натанияҳу-нахуствазири Исроил ва рафтори ғайридемократӣ ва нажодпарастонааш дар Ховари Миёна, узрхоҳӣ кунад .
Артиши режими саҳюнистӣ аз душанбеи гузашта ҳамалоти ваҳшиёнаеро ба навори Ғазза оғоз карда ва то кунун садҳо ғайринизомиро ба шаҳодат расондааст .
Нерӯҳои муқовимати исломии Фаластин дар Ғазза низ дар ҷавоби ҷиноёти режими саҳюнистӣ ва дар посух ба ин режим садҳо мушак ба сарзаминҳои ишғолӣ шиллик кардаанд .
Бештар бихонед :
-
Идомаи ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба Ғазза; 300 ҳамла дар 24 соъат
-
Ҳамлаи ҷангандаҳои Исроил ба сохтмони расонаҳои ҷаҳонӣ дар Ғазза + филм