Июл 11, 2021 13:15 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди сухангӯи Толибон бар ҳифзи амнияти сафоратхонаҳо ва дипломатҳо

Сухангӯи Толибон таъкид кард, ки амнияти сафоратхонаҳо, консулгариҳо ва дипломатҳои хориҷии мустақар дар Мазори Шариф аз сӯйи ин гурӯҳ тазмин хоҳад шуд.

Ба гузориши “Спутник”, Забеҳуллоҳи Муҷоҳид гуфт: Мо бо мақомоти кишварҳое, ки дар Мазори Шариф сафоратхона ё консулгарӣ доранд, дар тамос ҳастем ва онҳо ба мо эътимод доранд.

Вай ҳамчунин бо ишора ба тасарруфи 70 дарсад аз навоҳии марзи муштарак бо Тоҷикистон, таъкид кард, ки Толибон ба ду асли амният ва мудохила накардан дар умури кишварҳои ҳамсоя эҳтиром хоҳад гузошт.

Муҷоҳид гуфт: Мо ҳудуди 70 дарсад аз навоҳии марзӣ бо Тоҷикистонро тасарруф кардем.

Муҷоҳид изҳор дошт: Толибон равобити хубе бо кишвари дӯсту ҳамсояи Тоҷикистон дорад, тазмин мекунем, амният дар марзҳо барқарор хоҳад шуд ва ҳеч тааррузе ба хоки Тоҷикистон намешавад.

 

Бештар бихонед: