Ноябр 01, 2016 14:01 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи афғон: Ҳузури ДИИШ натиҷаи паймони амниятӣ бо Амрикост

Узви Маҷлиси намояндагони Афғонистон аз имзои паймони амниятии Кобул- Вашингтон интиқод кард ва гуфт, натиҷаи тасвиби ин паймон дар маҷлис танҳо ҳузур густурдаи ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи ин кишвар будааст.

Ба гузориши ИРНА, Убайдуллоҳ Борикзай, намояндаи устони Урузгон дар нишасти ошкорои маҷлис гуфт, ки наслҳои оянда дар бораи таъйиди паймони амниятии Кобул - Вашингтон, маҷлиси кунуниро мавриди қазоват қарор хоҳанд дод.

Муовини аввали Маҷлиси намояндагон низ шанбеи ҳафтаи гузашта бо изҳори нигаронӣ аз ҳузури барқосои ДИИШ дар бархе манотиқи ин кишвар гуфт, ДИИШ дар дар устони Нангарҳор, дар наздики марз бо Покистон, ки рӯзе паноҳгоҳи амни Алқоида буд, ҳузур ёфтааст.  

 Зоҳир Қадир ба Маҷлиси Афғонистон ҳушдор дод: "Агар гурӯҳи террористии ДИИШ ба мағораҳои Туробуро даст ёбад, ман муътақидам, ки устони худхондаи ин гурӯҳ ба номи "Хуросон" ташкил хоҳад шуд".

Муовини аввали Маҷлис намояндагон таъкид кард, ки соли гузашта ба ҳушдорҳои вай дар бораи ҳузури густурдаи ДИИШ дар Нангарҳор таваҷҷуҳ нашуд ва ин гурӯҳ имрӯз дар шумори зиёде аз устонҳои Афғонистон ҳузур ёфтааст.

Ба гуфтаи Зоҳир Қадир, болгардҳои ношинос дар устони Нангарҳор ба гурӯҳи террористи ДИИШ таҷҳизоти пешрафта ва маводи ғизоӣ мерасонд.

Шуморе аз аъзои Маҷлиси санои Афғонистон низ ба ин боваранд, ки гурӯҳи террористии ДИИШ бо шикасти сахте, ки дар Сурия ва Ироқ мутаҳаммил шудаанд, қасд доранд ҳузури худро дар Афғонистон тақвият кунанд.