Июл 25, 2016 21:19 Asia/Dushanbe
  • Талоши Арабистон барои ҳифзи ДИИШ дар Ироқ

Раиси Ҷамоати уламои аҳли суннати Ироқ, гуфт, Арабистон барои ҳифзи гурӯҳи террористии ДИИШ дар Ироқ, ҳама талоши худро ба кор мегирад.

Ба гузориши ИРНА, Шайх Холид Мулло-Ҷамоати уламои аҳли суннати Ироқ имрӯз (душанбе) гуфт, Арабистон намехоҳад гурӯҳи террористии ДИИШ дар Ироқ нобуд шавад ва ба ҳамин сабаб тамоми талоши худро барои ҳифозат ва сарипо нигаҳ доштани ин гурӯҳи террористӣ дар Мӯсили Ироқ ба кор гирифтааст.

Вай бо ишора ба ин ки баргузории нишасти Риёз дар оянда, барои кӯмак ба дар Ироқ ва Сурия аст, гуфт, ҳомӣ ва барномарези ин нишаст, Сомир Сабҳонӣ-сафири Арабистон дар Бағдод ва теъдоде аз сафирони кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс ҳастанд ва ҳадафи аслии онон ҳифозат аз гурӯҳи террористии ДИИШ аст.

Конфронси Риёз қарор аст, авохири моҳи июл баргузор шавад.

Барчасп