Хисоратҳои оташсӯзии ҷангалҳои Туркия
-
Ҷуброни хисоратҳои ин оташсӯзӣ, ба вижа дар ояндаи наздик ва ҳатто миёнамуддат баъид ба назар мерасад
Оташсӯзии ҷангалҳои Туркия хисоратҳои ҳангуфте бар давлату мардуми ин кишвар таҳмил кардааст.
Бар асоси баровардҳои аввалия тавассути мақомҳои давлати Анкара, оташсӯзии ҷангалҳои Туркия наздик ба 35 миллиард доллар ба ин кишвар хисорат ворид кардааст.
Эъломи баровардҳои аввалия перомуни хисоратҳои оташсӯзии ҷангалҳои Туркия дар ҳоле аст, ки бархе манобеи ғайрирасмӣ ин оморро бисёр пойинтар аз мизони воқеӣ донистаанд.
Дар воқеъ, бо вуҷуди он ки то кунун омори дақиқе аз мизони хисоратҳои оташсӯзии ахири ҷангалҳову даштҳои Туркия эълом нашудааст, аммо вусъати оташсӯзӣ баёнгари он аст, ки бахши муҳиме аз ҷуғрофиёи сабзи Туркия аз байн рафтааст.
Дар пайи эъломи оташсӯзӣ дар ҷангалҳои Туркия, Ҷумҳурии исломии Эрон аз нахустин кишварҳое буд, ки ба кумаки ин кишвари ҳамсоя шитофт. Эрон бо эъзоми оташнишон, ҳавопаймоҳо ва болгардҳои оташнишонӣ, ҳамчунон дар ҳоли кумакрасонӣ ба Туркия аст.
Дар ҳамин иртибот, раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия дар паёми твиттерии худ аз сарони кишварҳое, ки барои маҳори оташсӯзии ҷангалҳои ин кишвар кумак карданд, ба вижа Ҷумҳурии исломии Эрон ташаккур кардааст. Раиси ҷумҳурии Туркия дар паёми твиттерии худ навишт: “Ман ба намояндагӣ аз миллати худ мехоҳам аз ҳамаи кишварҳову созмонҳои дӯст, ки дар маҳори оташсӯзии ҷангалҳо аз мо ҳимоят карданд, ташаккур кунам”.
Ҷудо аз масоили муртабит бо ин балои табиӣ, сарони аҳзобу расонаҳои мухолифи давлати Анкара оташсӯзии ҷангалҳои Туркияро низ баҳонае барои ташдиди ҳамалот ба давлати Эрдуғон табдил карданд.
Дар воқеъ, ҷараёнҳои мухолиф дар чанд рӯзи гузашта талоши дучандоне ба амал овардаанд то зимни сиёсӣ кардани балои табиии оташсӯзии ҷангалҳо, ҳамалоти худро ба давлати Анкара ба шаклҳои мухталиф идома диҳанд.
Дар муқобил, расонаҳои тарафдори Ҳизби ҳокими адолат ва тавсеа дар Туркия низ эълом кардаанд, ки тавсифҳои бадбинонаву душманона аз оташсӯзии ҷангалҳову ироаи назароти манфӣ сирфан зарба задан ба оромишу амнияти кишвар аст.
Ба иборати дигар, ихтилофҳои аҳзоби мухолиф бо давлати Эрдуғон ба шакле ҷараён дорад, ки ҳатто дар ҷараёни бузургтарин оташсӯзии таърихи Туркия аз ҳамдиливу ваҳдати миллӣ хабаре мунташир нашудааст. Аз он ҷое ки таниши сиёсӣ ва рақобати ҳизбӣ бар тамоми ҳавзаҳои зиндагии мардуми Туркия соя андохтааст.
Дар ҷараёни ҳаводиси ахир низ ҳукумат ва аҳзоби мухолиф алайҳи якдигар сафороӣ карда ва ба табъи онҳо, расонаҳову фазои маҷозӣ низ вориди корзор шудаанд.
Ворид сохтани иттиҳоми оташ задани ҷангалҳои Туркия ба якдигар, яке аз мавориди иттиҳомзаниҳои тарафайн маҳсуб мешудааст.
Бо вуҷуди ин, яке аз қазоватҳои бетараф дар иртибот бо оташсӯзии ҷангалҳои Туркия, изҳори назари як мақоми донишгоҳии ин кишвар аст. Профессор Дуғано Толоной, узви ҳайати илмии донишкадаи ҷангалдории Донишгоҳи Ҷарроҳ Пошо”-и Истанбул ва коршиноси муҳити зист муътақид аст: "Дар 5 соли ахир оташсӯзиҳои мо бештару густардатар шудааст. Ҳар ҷо, ки инсон иртиботи наздиктаре бо ҷангал пайдо карда, оташсӯзӣ ҳам бештар шудааст. Турист, шикорчӣ, чӯпон, рустоӣ, хонаводаҳои аҳли пикник, ҳамагӣ аз мавориде ҳастанд, ки ба роҳатӣ ва бар асари як ғафлати кӯчак ҷангалеро нобуд мекунанд”.
Дар як ҷамъбандии куллӣ аз шароити мавҷуд ва табаоти ношӣ аз оташсӯзии ҷангалҳои Туркия бояд гуфт, ҷуброни хисоратҳои ин оташсӯзӣ, ба вижа дар ояндаи наздик ва ҳатто миёнамуддат баъид ба назар мерасад.
Бархе аз коршиносони муҳити зист муътақиданд, дар ҷангалҳои дорои пӯшиши густардаи коҷ (сосна), ин худи табиат ва ҷангал аст, ки дар як раванди замонӣ худро тармим мекунад. Аммо дар муқобил, донишмандони дигаре муътақиданд, ки ҷангали сӯхта ба худии худ як падидаи осебдида ва бемор аст ва бояд барои илоҷи он иқдомоти васеъе анҷом дода шавад, ки шинонидани ниҳол танҳо яке аз ин иқдомот аст.
Бештар бихонед: