Амалкарди иштибоҳи Амрико дар Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i7333-Амалкарди_иштибоҳи_Амрико_дар_Афғонистон
Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия, амалкарди иштибоҳи Амрико дар Афғонистонро, омили афзоиши кишти хашхош дар ин кишвар донист.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 05, 2016 14:03 Asia/Dushanbe
  • Амалкарди иштибоҳи Амрико дар Афғонистон

Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия, амалкарди иштибоҳи Амрико дар Афғонистонро, омили афзоиши кишти хашхош дар ин кишвар донист.

Мария Захарова, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия, рӯзи шанбе бо ишора ба тозатарин иттилооти интишор ёфта, аз суи Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди тавлиди тарёк дар Афғонистон, эълом кард, чашмпушӣ ва саҳлангории Амрико дар Афғонистон барои мубориза бо кишти хашхош, тавлиди маводи мухаддирро дар ин кишвар ба суръати нигаронкунандае афзоиш додааст.

Мария Захарова афзуд, тавлиди тарёк дар Афғонистон як таҳдиди байналмилалӣ аст, зеро сабаби тағзияи молии терроризм мешавад ва то 40 дарсад ниёзи молии террористҳо ва ифротгароён аз даромадҳои ин бахш таъмин мешавад.

Вай ибрози умедвори кард, ки давлати Афғонистон бо кумаки неруҳои хориҷӣ ва кишварҳои кумаккунанда ба Кобул, тадобири лозимро барои ташдиди мубориза бо кишти хашхош, тавлид ва қочоқи маводи мухаддир анҷом диҳад.

Давлати Русия борҳо НАТО ва Амрикоро ба бетаваҷҷуҳӣ ба масъалаи маводи мухаддир дар Афғонистон муттаҳам кардааст.