Ноябр 06, 2016 17:56 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми боздошт барои ду мушовири пешини раиси ҷумҳурии Кореяи ҷанубӣ

Додгоҳе дар Кореяи ҷанубӣ барои ду тан аз мушовирони пешини раиси ҷумҳурии ин кишвар ҳукми боздошт содир кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Додгоҳи марказии Сеул рӯзи якшанбе дар баёнияе эълом кард, ҳукми боздошти Он Чунг Бум ва Ҷюнг Ҳусонг, ду мушовири аршади собиқи Порк Гунҳой, раиси ҷумҳурии Кореяи ҷанубиро ба иттиҳоми сӯиистифода аз қудрат, талош барои тамаъҷӯӣ ва интишори иттилооти табақабанди‌шуда содир кардааст.

Он Чунг Бум ва Ҷюнг Ҳусонг дар ҳоли ҳозир бар асоси ҳукми изтирорӣ дар боздошти муваққат ба сар мебаранд.

Даҳҳо ҳазор кореяӣ рӯзи шанбе дар Сеул тазоҳурот карданд ва хостори истеъфои Порк Гунҳой, раиси ҷумҳурии ин кишвар шуданд.

Пас аз он ки раиси ҷумҳурии Кореяи ҷанубӣ эълом кард, матни суханрониҳояшро яке аз дӯстони наздикаш вироиш мекардааст, бо фишорҳои физояндаи умумӣ барои канорагирӣ аз қудрат рӯбарӯ шуд.