Ноябр 08, 2016 17:12 Asia/Dushanbe
  • Дархост барои таҷдиди назар дар паймони амниятии Афғонистону Амрико

Пас аз намояндагони маҷлиси болоии парлумони Афғонистон намояндагони палатаи поёнии парлумони ин кишвари ҳам хостори таҷдиди назар дар паймони амниятии Кобулу Вашингтон шуданд.

Мавлавӣ Абдураҳмон Раҳмонӣ, намояндаи мардуми Балх бо ишора ба ҷиноёти мукаррари Амрико дар Афғонистону куштори мардуми ин кишвар гуфт, дар паймони амниятии Кобулу Вашингтон бояд таҷдиди назар шавад, зеро ин паймон ба ҳеҷ яке аз ниёзҳои амниятии мардуми Афғонистон посух надодааст. Ибодуллоҳ Боракзай, намояндаи мардуми Урузгон низ гуфт, Амрико дар таъмини амнияту барқарории сулҳу суботи Афғонистон нотавон аст, бинобари ин “мо бояд дар бораи идомаи ҳузури низомии Амрико дар ин кишвари ҷангзада тасмим бигирем”. Намояндагони палатаи болоии Афғонистон низ бо маҳкум кардани ҳамлаи ҳавоии низомиёни Амрико дар наздикии шаҳри Кундуз, ки мӯҷиби кушта шудани беш аз 40 ғайринизомӣ шуд, лағви паймони амниятӣ бо Амрикоро хостор шуданд.

Паймони амниятии Кобулу Вашингтон ду сол пеш, ҳамзамон бо ташкили Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон ба имзо расид. Дар ин паймон масъулиятҳои зиёде ғунҷонида шудааст, ки умдатан нозир ба таъмини амнияту субот дар Афғонистон бо ҳамкории Амрико аст. Эҳтиром ба ҳокимияти миллӣ, кӯмак ба рушди дарозмуддати иқтисодию иҷтимоии Афғонистон ва эҳтиром ба одобу русум ва қавонини ин кишвар аз сӯйи нерӯҳои Амрико аз ҷумлаи тавофуқоти муҳими мақомоти Кобулу Вашингтон аст, ки дар паймони амниятии ду тараф ҷо дода шудааст. Аммо дар амал Амрико на танҳо ба ин тааҳҳудоти худ амал намекунад, балки аз дидгоҳи намояндагони порлумони Афғонистон, нерӯҳои амрикоӣ ба омили ноамнӣ дар он кишвар табдил шудаанд. Идомаи ҳамалот ба ғайринизомиёну куштори онон боиси ташдиди хашму танаффури мардуми Афғонистон аз Амрико шудаасту акнун Ҳукумати Афғонистон ба хотири имзои паймони амниятӣ бо Амрико ба шиддат зери фишорҳои маҳофили мухталиф дар Афғонистон қарор дорад, зеро он гуна ки Ҳукумати Афғонистон интизор дошт, Амрико на танҳо дар чорчӯби паймони амниятӣ бо Афғонистон ба барқарории амният дар ин кишвар кӯмак намекунад, балки ҳамчун террористу хушунатгароён иқдом ба қатли оми мардуми Афғонистон менамояд. Иддаи бисёре дар Афғонистон ба ин назаранд, ки ҳадафи Амрико аз таҳмили паймони амниятӣ ба давлати Кобул касби пойгоҳҳои низомӣ барои расмият бахшидан ба ҳузури низомияш дар Афғонистон ва эҷоди масуният барои нерӯҳои низомии худ дар ин кишвар буд. Ба ҳамин далел мунтақидону мухолифони паймони амниятии Кобулу Вашингтон аз ҳамон ибтидо онро якҷониба ва ба суди Амрико арзёбӣ карданд. Вашингтон дар амал нишон додааст, ҷиҳати барқарории амнияту ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоии Афғонистон ҳаракат намекунад, зеро дар сурати барқарории амнияту оромиш дар ин кишвар Амрико дигар баҳонае барои идомаи ҳузури низомӣ дар Афғонистон нахоҳад дошт.

Дар ин ҳол, бисёре аз маҳофили сиёсию низомӣ дар Афғонистон имзои паймони амниятии ин кишварро бо Амрико ҳақоратомезу табдили Афғонистон ба монополияи Вашингтон арзёбӣ карда,  бар ин эътиқоданд, ки Амрико бо таҳмили ин паймон сирфан Афғонистонро ба пойгоҳи низомии худ дар минтақа ва омили густариши ноамнӣ табдил кардааст. Акнун ин нигаронӣ дар маҳофили минтақаӣ эҷод шуда, ки Амрико бо интиқоли террористҳои ДИИШ ба Афғонистон ононро ба Осиёи Марказӣ ва Қафқоз интиқол медиҳад, ки дар ин сурат амнияти кулли минтақа то марзҳои Чин ба хатар хоҳад афтод.