Ифшои маъмурияти ҷосӯсони Моссад дар Туркия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i75986-Ифшои_маъмурияти_ҷосӯсони_Моссад_дар_Туркия
Ифшои таҳаррукоти режими нажодпарасти Исроил дар минтақа ва фаъолиятҳои ҷосӯсони ин режим дар Туркия, бори дигар ин ҳақиқатро исбот кардааст, ки ин режими нажодпараст ба ҳеҷ тааҳҳуде пойбанд нест.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Октябр 26, 2021 12:12 Asia/Dushanbe
  • Ифшои маъмурияти ҷосӯсони Моссад дар Туркия

Ифшои таҳаррукоти режими нажодпарасти Исроил дар минтақа ва фаъолиятҳои ҷосӯсони ин режим дар Туркия, бори дигар ин ҳақиқатро исбот кардааст, ки ин режими нажодпараст ба ҳеҷ тааҳҳуде пойбанд нест.

Дар ҳақиқат, бояд гуфт, дар шароите, ки мақомҳои давлати Туркия дар наздик ба ду соли гузашта ба манзури ҳали ихтилофҳо бо режими нажодпарасти Исроилу наздикии ҳарчӣ бештар ба ин режим талоши музоъафе ба кор гирифта буданд, ҷосӯсии Исроил дар Туркия, нишон додааст, ки ин режими нажодпараст ҳамчунон ба зиёни ҷаҳони Ислом фаъолият дорад.

Ахиран бо фишорҳои Амрико ва хиёнати бархе аз давлатмардони муртаҷеъи арабии ҳошияи Халиҷи Форс, режими саҳюнистӣ бо бархе аз давлатҳои ба истилоҳ мусулмони ин минтақа равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ барқарор кардааст. Бо вуҷӯди ин равобит, ки таблиғоти густардае низ перомуни он сӯрат гирифтааст, режими кӯдаккуши Исроил алайҳи ин кишварҳо дар Туркия ҷосӯсӣ мекардааст.

Бар асоси бахше аз ифшогариҳои расонаҳои Туркия, шабакаи ҷосӯсии режими саҳюнистӣ машғӯли ҷамъоварии иттилоот дар бораи фаъолони араби зиддисаҳюнист дар Туркия будааст.

Дар ин замина, расонаҳои Туркия эълом кардаанд, Созмони иттилоотти Туркия ахиран як шабакаи 15 нафара аз ҷосӯсони режими саҳюнистӣ (Моссад)-ро, ки дар Туркия фаъолиятҳои ҷосӯсии густардае доштанд, дастгир ва ин тими 15 нафараро муталошӣ кардааст.

Дар иртибот бо ифшои ҷосӯсии режими Исроил, Абдураҳмон Шамшек, яке аз нависандагони рӯзномаи “Сабоҳ” чопи Туркия тасреҳ кардааст: “муҳимтарин фарди дастгир шуда аз ҷосӯсони исроилӣ, ки ба таври мустақим бо раисони минтақаии Моссад дар кишварҳои дигар иртибот дошт,  як донишҷӯи пизишкии муқими шаҳри Қуния будааст.

Тардиде нест, ки давлати Туркия танҳо бахши андаке аз иттилооти ба дастомада аз ҷосӯсони режими саҳюнистиро мунташир кардааст. Дар ҳақиқат, давлати Туркия танҳо бахши андаке аз иттилооти ба дастомада аз ҷосусони исроилиро, ки дар ҷиҳати манофеи давлати Анкара бо кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс буда, мунташир кардааст.

Ба гуфтаи мақомҳои Анкара, шабакаи ҷосӯсии Исроил дар шаҳрҳои мухталифи Туркия аз яксоли пеш кашф шуда ва таҳти назар қарор доштаанд. Кишварҳои ҷаҳон бавижа кишварҳои мусулмон дар ғарби Осиё бо мурӯре бар аҳдофи сиёсати хориҷии режими нажодпарасти Исроил ба осонӣ ба иштибоҳи худ пай мебаранд.

Ба иборати дигар, бояд гуфт, бархе аз раҳбарони кишварҳои мусулмон дар шароите ба робита бо режими саҳюнистӣ иқдом мекунанд, ки ин режим пеш аз ин, мавозеъи расмии худро дар робита бо кишварҳои мухталифи ғарби Осиё бавижаи кишварҳои мусулмон иброз доштааст.

Дар ин замина, Исроил Шоҳок, аз нависандагони саҳюнист ва соҳибназар дар умӯри сиёсӣ, дар китоби худ мақосид ва ниятҳои воқеии Исроилро ошкор сохтааст. Вай перомуни усӯл ва абзори сиёсати хориҷии Исроил ба ин ҳақиқат изъон кардааст: "ҳадафи аслӣ аз сиёсатҳои минтақаии Исроил сирфан" касби гегемония дар ғарби Осиё, султа бар кишварҳои ин минтақа бахусус давлатҳои мусулмон аст".

Ин нахустин бор нест, ки фаъолиятҳои ҷосӯсии режими Исроил дар Туркия ифшо мешавад. Пеш аз ин низ мавориди мутааддиде аз талошҳои номашрӯъ бавижа фаъолиятҳои ҷосӯсии режими нажодпарасти Исроил дар Туркия шиносоӣ ва муаррифӣ шуда буд. Ин дар ҳоле аст, ки Туркия ба унвони яке аз нахустин кишварҳое буд, ки режими саҳюнистиро пас аз таъсис ба расмият шинохт.

Бо вуҷӯди ин, давлатмардони ҳизби Ҳокими адолат ва тавсеа бахусус Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ки худро пайравони ростини Наҷмиддин Арбакон, танҳо нахуствазири исломгарои Туркия пас аз таъсиси ин кишвар қаламдод мекунанд, ки режими саҳюнистиро як режими фосиду номашрӯъ, ки ҳамвора дар садади тавсеаталабӣ аст, муаррифӣ мекард.

Марҳӯм Наҷмиддн Арбакон, ки дар соли 1999 дар ҷараёни як кудатои нарм аз қудрат халъ шуд ва натавонист аҳдофи баланди худро дар Туркия ба иҷро бигузорад, манофеи тавсеаталабонаи режими саҳюнистӣ ва Амрикоро муғойир бо манофеи миллатҳои мусулмон медонист. Марҳӯм Арбакон, нахусти вазири собиқи Туркия дар соли 1992 гуфта буд: "Амрико ва Исроил қасд доранд дар манотиқи курднишини шимоли Ироқ, як минтақаи худмухтор эҷод кунанд, ки комилан мутеъи онҳо бошад. Сипас ин сохторро ба ҷануби шарқии Туркия ва сипас дигар манотиқ густариш диҳанд".

Бо тавваҷӯҳ ба ин воқеиятҳо ва ба рағми он ки мақомҳои Анкара ба аҳдофи режими нажодпарасти Исроил дар минтақа, аз ҷумла таҷзияи Туркия воқиф ҳастанд, талоши мақомҳои Анкара барои одисозии равобит бо Исроил, иқдоме қобили тааммул арзёбӣ мешавад.

Бештар бихонед: