Ҳамлаи ҳаккерҳо ба бонкҳои бузурги Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i7654-Ҳамлаи_ҳаккерҳо_ба_бонкҳои_бузурги_Русия
Панҷ бонки бузурги Русия ҳадафи ҳамлаи гурӯҳҳои ҳаккерӣ аз кишварҳои мухталиф қарор гирифт, ки иқдомҳои анҷомшуда дар ин амалиёт густурда ва шадид эълом шудааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 10, 2016 16:44 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи ҳаккерҳо ба бонкҳои бузурги Русия

Панҷ бонки бузурги Русия ҳадафи ҳамлаи гурӯҳҳои ҳаккерӣ аз кишварҳои мухталиф қарор гирифт, ки иқдомҳои анҷомшуда дар ин амалиёт густурда ва шадид эълом шудааст.

Ба гузориши ИРНА, мақомоти Русия эълом карданд, панҷ бонк, аз ҷумла “Сбербанк” ва “Алфабанк”, ки бузургтарин бонкҳои Русия ба шумор мераванд, рӯзи чаҳоршанбе ҳамлаи ҳаккерӣ ба системаи компютерии худро таъйид карданд, ки барои нахустин бор дар соли 2016 анҷом шудааст. Бар асоси ин гузориш, ба эҳтимоли зиёд ҳаккерҳо аз кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Амрико, Ҳинд, ҳамчунин Тайван зидди бонкҳои Русия амалиёт анҷом додаанд.

Ҳаккерҳо соли 2015 низ ҳашт бонки бузурги Русияро ҳадафи ҳамлаҳои худ қарор дода буданд. Пас аз интишори ахбор дар расонаҳои Амрико дар бораи нуфузи як гурӯҳи ҳаккерӣ аз ин кишвар ба зерсохтҳои роёнаии Русия, аз ҷумла Кохи Кремл Маскав хостори дарёфти шарҳи Вашингтон шуда буд. Ҷо Байден, муовини раисҷумҳури Амрико низ пештар муддаӣ шуда буд, кишвараш ба ҳамлаҳои кибернетӣ, ки Русия пушти он қарор дорад, муассиртарин посухро медиҳад.