Маҳбубият ва шаҳомати сардор Сулаймонӣ фаротар аз марзҳои ҷаҳонӣ
(last modified Sat, 01 Jan 2022 15:08:25 GMT )
Январ 01, 2022 20:08 Asia/Dushanbe
  • Маҳбубият ва шаҳомати сардор Сулаймонӣ фаротар аз марзҳои ҷаҳонӣ

Мудири шӯрои муфтиёни Русия изҳор дошт, сардор Сулаймонӣ натанҳо як шахсияти мутаъалиқ ба Эрон аст балки шаҳомат ва маҳбубияти ӯ марзҳои ҷаҳониро дар навар дидааст.

Нафиқулло Аширов бо баёни ин матлаб афзуд, Қосими Сулаймонӣ фақат як ифтихори мутаъалиқ ва маҳдуд ба Эрон нест балки ифтихор барои ҳамаи ҷаҳони Ислом аст.

  • Мудири шӯрои муфтиёни Русия олитарин ниҳоди исломии ин кишвар таъкид кард, сардор Сулаймонӣ ба хотири иқдомоти бузург, ки ба вижа дар мубориза бо террористҳои ДИИШ анҷом дод, дар саросари ҷаҳон шинохта шудааст.
  • Нафиқулло Аширов хотирнишон кард, Амрико бо шаҳид кардани сардор Сулаймонӣ ва Абумаҳди Алмуҳандис мовини пешини басиҷи мардумии Ироқ ва ҳамроҳонашон, ҷинояти зидди башарӣ бар зидди ҷаҳони ислом муртакиб шуд ва як бори дигар нишон дод, ки ба ҳеҷ усули инсонӣ пойбанд нест.
  • Мудири шӯрои муфтиёни Русия идома дод, ҷаҳони ислом ҳеҷгоҳ номи шаҳид Сулаймониро аз ёд нахоҳад бурд зеро зарбае, ки ин сардор ва неруҳои таҳти фармондеҳии вай ба террористҳои зидди исломӣ ба вижа ДИИШ ворид кард, иқдоми таърихи буд, ки ҳатто бузургтарин қудратҳо ҳам аз анҷоми он нотавон буданд.

Сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи неруи Қудси Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, 3 январи соли 2020 дар ҳоле, ки ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, дар ҳамлаи ҳавоии неруҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ  наздики фурудгоҳи Бағдод ба ҳамроҳи Абумаҳди Алмуҳандис ноиб раиси басиҷи мардумии Ироқ (Ал-Ҳашду Шаъбӣ) ва 8 нафар аз ҳамразмонаш ба шаҳодат расид.