Ноябр 15, 2016 19:00 Asia/Dushanbe
  • Муттаҳам шудани Амрико аз сӯи Додгоҳи байналмилалии Гаага

Фату Бенсуда, додситони Додгоҳи байналмилалии ҷазоӣ дар Гаага, рӯзи сешанбе Амрикоро ба иртикоби ҷиноёти ҷангӣ дар Афғонистон муттаҳам кард.

Ба гуфтаи вай, бар асоси аснод ва таҳқиқот, неруҳои амрикоӣ ва Созмони иттилооти марказии Амрико (СРУ) байни солҳои 2003 ва 2004 ба сурати ғайриинсонӣ ба шиканҷа ва озору азияти зиндонён пардохтаанд.

Фату Бенсуда таъкид кард, ки иттилооти мавҷуд нишон медиҳад, неруҳои амрикоӣ ва маъмурони СРУ ба ҳангоми бозҷӯӣ аз зиндонён ба иқдомоте мутавассил шуданд, ки аз мавориди ҷинояти ҷангӣ аст. Ин нахустин бор аст, ки як додгоҳи байналмилалӣ дар бораи ҷиноятҳои ҷангии неруҳои амрикоӣ дар Афғонистон таҳқиқ мекунад. Додгоҳи байналмилалии ҷазоӣ, додгоҳи байналмилалие аст, ки барои расидагӣ ба ҷурмҳои наслкушӣ, ҷиноят алайҳи башарият ва ҷиноёти ҷангӣ ташкил шуда ва мақари он, дар Гаагаи Нидерланд аст.

Ба назар мерасад, иқдоми Додгоҳи байналмилалии ҷазоӣ дар эъломи ҷурм алайҳи Амрико, гоми бузурге дар масири бархӯрди ҳуқуқӣ бо иқдомоти ҷинояткоронаи низомён ва маъмурони иттилоотии Амрико дар Афғонистон аст. Токунун ҳамвора ин Амрико буда, ки худро дар қомати як муддаӣ ва мудофеъи ҳуқуқи башар матраҳ карда, ки солона ба баррасии корномаи дигар кишварҳо дар заминаи ҳуқуқи башар ва риояти озодиҳои фардӣ ва иҷтимоӣ мепардозад ва бисёре аз кишварҳоро муттаҳам ба нақзи ҳуқуқи башар мекунад. Амрико токунун дар мавориди марбут ба наслкушӣ ва иртикоби ҷиноёти ҷангӣ ба унвони кишваре, ки хоҳони пайгарди мақомот ва афроди муртабит бо ин гуна иқдомот буда матраҳ будааст, аммо бояд дид акнун, ки алайҳи давлати Амрико ба унвони масъули иқдомоти ҷинояткоронаи низомён ва маъмурони ин кишвар дар Афғонистон эъломи ҷурм шудааст, чигуна бо ин масъала бархӯрд хоҳад кард?

Пас аз воқеаи 11 сентябри 2001, Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури вақти Амрико ба баҳонаи муборизаи ҷаҳонӣ бо терроризм дар октябри 2001 дастури ҳамла ба Афғонистонро содир кард, ки ин ҳамла мунҷар ба фурӯпошии ҳокимияти Толибон дар Афғонистон шуд. Бо ин ҳол, истиқрори неруҳои амрикоӣ ва дар марҳалаи баъд неруҳои НАТО дар Афғонистон ва иқдомоти амрикоиҳо корномаи сиёҳеро барои амрикоиҳо бо таваҷҷуҳ ба иртикоби анвоъи иқдомоти ғайриинсонӣ ба ҷо гузоштааст.

Ба вижа иқдоми Амрико дар заминаи эҷоди зиндони бузург дар пойгоҳи ҳавоии Багром, зиндонӣ ва шиканҷа кардани садҳо нафар аз афғонҳо ба гумони иқдомоти террористӣ ва ё қасди анҷоми ин гуна иқдомот, боиси расвоии бузурге барои ин кишвари муддаии ҳуқуқи башар шудааст. Бисёре аз ин зиндонён, ҳатто аз иллати боздошти худ ба даст неруҳои амрикоӣ бехабар буда ва аксар дар маърази бадрафторӣ, лату куб ва таҳқир ба муқаддасот қарор гирифтанд. Дар январи 2012 Кумитаи ҳуқуқии давлати Афғонистон, ки ба дастури Ҳомид Карзаӣ, раисиҷумҳури вақти Афғонистон барои расидагӣ ва таҳқиқ дар бораи вазъияти зиндонҳо ташкил шуда буд, аз ҷиноёти густурдаи неруҳои амрикоӣ алайҳи боздоштшудагони зиндони Багром парда бардошт. Ин пайгирии ҷиноӣ заминаи лозим барои ҷамъоварии иттилооти лозим ва низ дар марҳалаи баъд, расидагии ҷиноӣ ба иқдомоти ҷинояткоронаи неруҳои амрикоӣ алайҳи зиндонёни афғон тавассути Додгоҳи байналмилалии ҷазоиро фароҳам кард. Дар айни ҳол, бояд ёдовар шуд, ки ҳузури неруҳои Амрико ва НАТО тайи 16 соли гузашта дар Афғонистон, беҳосил буда ва ҳатто дар бархе мавридҳо ба бадтар шудани авзоъ кумак кардааст. Ҳузури низомии Амрико ва муттаҳидини он дар Афғонистон ҷуз афзоиши ҳамалот алайҳи низомёни онҳо, густариши терроризм, куштори мардум, вайронии ин кишвар ва афзоиши 40 баробарии кишти маводи мухаддир, натиҷаи дигаре надоштааст. Тайи 16 соли ҳузури низомёни амрикоӣ дар Афғонистон, амалан фаъолиятҳои гурӯҳҳои террористӣ афзоиш ёфт ва Толибон ва ДИИШ тавонистаанд манотиқеро таҳти сайтараи худ дароваранд.

 

Барчасп