Ноябр 19, 2016 20:04 Asia/Dushanbe
  • Мулло Бузург дар Афғонистон кушта шуд

Яке аз саркардаҳои ДИИШ дар Афғонистон, дар ҳамлаи паҳподе амрикоӣ ба шарқи ин кишвар кушта шуд.

Манобеи амниятӣ, рӯзи шанбе хабар доданд, ки дар ҳамлаи ҳавоии як паҳподи амрикоӣ ба вилояти Нангарҳор, ҳашт диишӣ аз ҷумла саркардаи онон маъруф ба Мулло Бузург кушта шуданд.

Манобеи амниятӣ ба хабаргузории афғонистонии Хомо гуфтанд, ки дар ин ҳамла, мақодири зиёде маводи мунфаҷира ва аслиҳа ва муҳиммоти диишиҳо мунфаҷир шуд.

Гуфтанӣ аст, ки аносури террористи ДИИШ, ахиран густариши нуфуз ва ҳузур дар манотиқи мухталифи Афғонистонро дар дастури кор қарор додаанд.

Гузоришҳои расида ҳамчунин ҳокӣ аст, ки шаби гузашта Абдулсамад, як рӯҳонии маҳаллӣ дар вилояти Нангарҳор аз сӯи афроди вобаста ба гурӯҳи террористии ДИИШ кушта шудааст.

Ба гуфтаи манобеи маҳаллӣ, ин рӯҳонӣ қаблан ба иттиҳоми ҷамъоварии ушру закот барои гурӯҳи Толибон тавассути нерӯҳои амниятӣ боздошт шуда буд, вале афроди ДИИШ дишаб ӯро ба қатл расонданд.

Ушр як даҳум аз маҳсулоти кишоварзӣ аст, ки ба давлат пардохт мешавад.

Нерӯҳоӣ вобаста ба гурӯҳи Толибон ва ДИИШ борҳо дар вилояти Нангарҳор бо ҳам даргир шудаанд. Вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистон хостгоҳи аслии гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин кишвар маҳсуб мешавад.