Апрел 04, 2022 13:57 Asia/Dushanbe
  • Давлати Украина монеи вуруди Салиби Сурх ба Мариупол аст

Ҳамзамон бо даргириҳои сангин дар шаҳри Мариупол, Вазорати дифои Русия аз тирандозии ифротиҳои Украина ба самти корвони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх хабар дод.

Вазорати дифои Русия бо судури баёнияе эълом кард, тарафи русӣ ба дархости Туркия (рӯзи душанбе) як каридори ҷадиди башардӯстонаро дар Мариупол боз хоҳад кард.

Вазорати дифои Русия бо ишора ба ин ки то кунун беш аз 123 ҳазор ғайринизомӣ аз шаҳри Мариупол бидуни ҳеҷ кумаке аз сӯи режими Киев хориҷ шудаанд, афзуд: Корвони байналмилалии Салиби Сурх ба далели тирандозӣ аз тарафи Украина вориди Мариупол нашуд.

Дар ин баёния ҳамчунин омадааст: Мо бори дигар ба кишварҳои ҳошияи дарёи Сиёҳ дар мавриди хатароти минаҳои кошташуда тавассути украиниҳо ҳушдор медиҳем.

Генерал Игор Конашенков, сухангӯи Вазорати дифои Русия низ дар гузориши рӯзонаи худ гуфт, аз оғози ҷанг то кунун 385 ҳавопаймои бесарнишин, 224 сомонаи мушакии зиддиҳавоӣ, як ҳазору 918 танк ва нафарбари зиреҳӣ, 209 мушакандоз ва 815 тӯпхонаи артиши Украина нобуд шудааст.

Бар асоси ин гузориш, ҳамчунин маркази ҳушдор ва мудирияти ҳавоӣ ва нерӯи ҳавоии артиши Украина дар ҳамла ба фурудгоҳи Василков, дар вилояти Киев аз кор афтод.

 

Барчасп