Апрел 30, 2022 14:11 Asia/Dushanbe
  • Омӯзиши нерӯҳои украинӣ дар пойгоҳҳои Амрико дар Олмон

Сухангӯи вазорати дифои Амрико аз оғози омӯзиши нерӯҳои украинӣ дар пойгоҳҳои Амрико дар Олмон хабар дод.

Ҷон Кирби, сухангӯи вазорати дифои Амрико изҳор кард, Пентагон омӯзиши низомиёни украинӣ барои истифода аз таслеҳоту таҷҳизоти амрикоиро дар Олмон оғоз кардааст.

Вай, ки дар Конфронси хабарии Пентагон суҳбат мекард, гуфт: «ин омӯзишҳо дар ростои истифода аз тӯпхонаҳое аст, ки пештар дар ҷоҳои дигар анҷом шуда буд».

Ҷон Кирби афзуд: «омӯзишҳо дар Олмон ҳамчунин шомили истифода аз пойгоҳҳои радарии ҷадид ва худравҳои зиреҳӣ аст, ки пештар дар бастаи кумакҳои низомии Амрико ба Украина дар назари гирифта шудааст».

Вазорати дифои Амрико ҳамчунин тасовире аз савор кардани таҷҳизоти низомӣ ба ҳавопаймо барои ирсол ба Украинаро мунташир кард.