Сенатори амрикоӣ: Байден ба таваррум аҳамият намедиҳад
Қонунгузори аршади ҷумҳурихоҳи Амрико аз бетафовутии раисиҷумҳури Иёлоти муттаҳида дар бораи таварруму афзоиши баҳои сӯхт дар ин кишвар интиқод кард.
Том Коттон, қонунгузори ҷумҳурихоҳи иёлати Арканзас дар паёме навишт: Ҷо Байден ба таваррум ё афзоиши қиммати бензин аҳамияте намедиҳад, зеро ӯ фоқиди ҳисси ҳамдилист. Хонаводаи ӯ аз тариқи қарзи бустонҳои иқтисодӣ сарватманд шудаанд.
Ин дар ҳоле аст, ки фақат 150 рӯзи дигар то интихоботи миёндавраии Конгресси Амрико боқимонда ва давлати Байден фурсати чандоне барои беҳбуди амалкарди иқтисодии худ назди раъйдиҳандагони амрикоӣ, ки таваррум ба дағдағаи аслии онҳо табдил шуда, надорад.
Уилям Галстон, раиси мутолиоти ҳокимиятӣ дар андешкадаи «Брукингс» низ ба тозагӣ гуфт, ба яқин имсол иқтисод мавзӯи аслӣ аст. Наметавонам бигӯям дар шароите ҳастем, ки таъсири иқтисод бар интихобот, мушобеҳи ончӣ дар авохири даҳаи 1970 ва авоили даҳаи 1980 рух дод, аст. Фикр намекунам тасодуфӣ бошад, зеро аввалин бор дар наздик ба 40 сол аст, ки таваррум ба мавзӯи аслӣ барои раъйдиҳандагон табдил шудааст.