Июл 21, 2022 18:01 Asia/Dushanbe
  • Истеъфои нахуствазири Италия
    Истеъфои нахуствазири Италия

Марио Драги, нахуствазири Италия ноком аз эҳёи давлат истеъфо дод.

Пештар се ҳизби эътилофи давлати Марио Драги эълом карданд, ки дар ҷаласаи райи эътимоди дархостшуда аз сӯи нахуствазири Италия дар сино ширкат намекунанд, ки амалан ба маънии поёни давлати ваҳдати миллӣ буд.

Ин се ҳизб иборатанд аз " Forza Italia" ҳизби ростгаро ба раҳбарии Силвио Берлускони нахуствазирии собиқ, "Лего" ҳизби рости ифроти ба раҳбарии Маттео Салвини ва "Ҷунбиши панҷситора" ки як ҳизби сиёсӣ авомгаро аст.

Ба гузориши шабакаи Си Эн Эн Марио Драги имрӯз панҷшанбе ба намояндагони парлумон гуфт, ки аз вазифаи худ истеъфо медиҳад ва роҳро барои баргузории як интихоботи нав боз мегузорад.

Аз ҳам пошидани Италия як солу панҷ моҳи пеш бо муъаррифии Марио Драги ба унвони нахуствазир заминаи ташкили давлати ваҳдати милли аз ҳизбҳои чап то рости ифротиро пас аз буҳрони густариши вируси корона фароҳам карда буд.

Марио Драги аз сино хостори баргузории райи эътимод барои эъломи ҳимояти дубораи ҳизбҳои эътилофаш шуда буд.

Нахуствазири Италия ҳафтаи гузашта пас аз ин ки ҳимояти ҷунбиши панҷ ситораро аз даст дод истеъфои худро ба раиси ҷумҳури эълом кард аммо Серхио Маттарелла ин истеъфоро рад кард.