Тамоюли Эрдуғон ба афзоиши хариди нафту газ аз Эрон
Июл 26, 2022 15:58 Asia/Dushanbe
Раиси ҷумҳурии Туркия бар қасди ин кишвар барои хариди нафту гази бештар аз Эрон таъкид кард.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия дар гуфтугӯ бо шабакаи Ти Ор Ти дар бораи тиҷорат бо кишварҳои ҳамсоя гуфт, тиҷорату ҳамкориҳои дуҷониба бо кишварҳои ҳамсоя идома хоҳад дошт ва ҳадафи Анкара афзоиши хариди нафту газ аз Эрон аст.
Теҳрон ахиран мизбони нишасти Шурои олии ҳамкории Эрону Туркия бо ҳузури оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, руасои ҷумҳурии ду кишвар буд.
Руасои ду кишвар дар ин нишаст қарордоди содироти гази Эрон ба Туркияро барои 25 соли оянда тамдид карданду афзоиши содироти газ дар дастури кори тарафайн қарор гирифт.
Бештар бихонед:
Барчасп