Июл 28, 2022 12:46 Asia/Dushanbe
  • Кареяи Ҷанубӣ аз ҳампаймонони Амрико дар минтақа аст
    Кареяи Ҷанубӣ аз ҳампаймонони Амрико дар минтақа аст

Раҳбари Кареяи Шимолӣ ба Амрико ҳушдор дод, Пиюнг Ёнг омодаи ҷанг бо ин кишавр аст

 Ҳушдори раҳбари Кареяи Шимолӣ барои ҷанг бо Амрико дар ҳоле аст, ки  кишварҳои ғарбӣ  ба раҳбарии ин  кишвар ахиран сайъ карданд дар  Шӯрои амният таҳримҳои ҷаддиде зиддӣ  Кареяи Шимолӣ вазъ кунанд, ки бо мухолифати Русия ва Чин ноком монд. Ин кишварҳо борҳо озмоишҳои мушакӣ ва болестикии  Кареяи Шимолӣро маҳкум кардаанд.

Кареяи Шимолӣ озмоишҳои мушакии худро барои муқобила бо зиёдахоҳи ва дахолатҳои Амрико дар минтақа зарӯри медонад ва эълом карда то замоне, ки ин кишвар ба ин иқдомоти таҳрикомез идома медиҳад ба тавони низомии худ меафзояд.

Ба гузориши Садои Хуросон  ба нақл аз рӯзи панҷшанбеи хабаргузории  Руйтерз,  Ким Ҷунг Ун раҳбари Кареяи Шимолӣ, зимни судури дастур ба артиши ин кишвар барои афзоиши боздорандагии ҳастеӣ,   ба давлати Юнг Сук Юл  Раиси Ҷумҳӯри  Кареяи  Ҷанубӣ ва артиши он низ ҳушдор дод, ки дар  сурати анҷоми иқдомоти хатарнок мумкин аст бо  нобудӣ мувоҷеҳ шаванд.

Кареяи Ҷанубӣ аз ҳампаймонони Амрико дар минтақа аст.