Август 12, 2022 17:36 Asia/Dushanbe

Ба дунболи инфиҷорҳои ахир дар пойгоҳи ҳавоии Русия дар нимҷазираи Қрим муовини раиси Шурои амнияти миллии Русия ба ҳамроҳи шуморе аз масъулони баландпояи ин кишвар аз шарқи Украина боздид кард.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, ба нақл аз хабаргузории Фаронса, муовини раиси Шурои амнияти миллии Русия ба ҳамроҳи шуморе аз масъулони баландпояи кишвараш аз шарқи Украина боздид кард.

Си Эн Эн бо пахши тасовири моҳвораӣ аз қабл ва баъд аз инфиҷорҳои ахир дар пойгоҳи ҳавоии Русия дар нимҷазираи Қрим эълом кард, эҳтимолан ин инфиҷорҳо мунҷар ба нобудии бештарин ҷангандаҳои Русия дар як рӯз аз замони Ҷанги ҷаҳонии дувум шудааст.

Дейвид Маккензи, хабарнигори Си Эн Эн гуфт, тасовири моҳвораии Амрико чашмандози қаблу баъд аз таъсири вайронгари инфиҷорҳо дар дили нимҷазираи Қримро, ки дар ихтиёри Русия аст ошкор кард. Бар асоси ин тасовир, дастикам ҳафт ҷангандаи Русия мунҳадим шуд. Русия ин инфиҷорро ношӣ аз мунфаҷир шудани муҳиммот эълом кард. Аммо гумоназаниҳое мабнӣ бар ин вуҷуд дорад, ки инфиҷор кори Украина буду ҳисси амниятро дар ин мақсади пуртарафдори гардишгарӣ барои атбои рус мутазалзил кард.

Мақомоти минтақаи Запороже эълом карданд, дастури ҳамла ба нерӯгоҳи атомии «Запороже» аз Лондон ва Вашингтон содир шуд ва мақомоти Украина фақат муҷрии ин дастурот ҳастанд.

Ба гузориши шабакаи «Русия алявм», Владимир Рогов, аз аъзои Шурои мудирияти минтақаи Зопороже гуфт, дастури ҳамла ба нерӯгоҳи атомии Зопороже дар Англияву Амрико, ки бар давлати Украина назорат ва нуфуз доранд, содир шудааст ва Киев сирфан муҷрии ин дастурот аст.

Рогов афзуд, Украина бо бомбаборони нерӯгоҳи атомии Зопороже дар талош аст аз пешравии неруҳои муттаҳиди Русия ҷилавгирӣ ва бо таҳдиди ҳастаӣ аз Аврупо боҷхоҳӣ кунад.

Вай хотирнишон кард, ки барои таваққуфи бомбаборон (Украина) қабл аз ҳар чиз бояд маҳаллаҳои Никопол, Марганетс ва Томаковка дар минтақаи Днпропетровск озод шаванд, чун террористҳои Украина аз ин манотиқ ба самти нерӯгоҳ ҳамла мекунанд.

Артиши Русия дар чорчӯби амалиёти вижа дар Украина контроли минтақаи Херсон ва бахше аз минтақаи Зопороже, ба баҳри Азов дастрасӣ дорад, ба даст гирифту шаҳрҳои бузурге монандиХерсон, Меллитопол ва Бердянскро таҳти контроли худ даровард ва ба дунболи он Украина дастрасӣ ба дарёи Азовро аз даст дод.

 

Барчасп