Болтон: Дурӯғҳои Трамп нишондиҳандаи ноумедии ӯст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i89954-Болтон_Дурӯғҳои_Трамп_нишондиҳандаи_ноумедии_ӯст
Мушовири собиқи амнияти миллии Амрико дурӯғҳои Трампро нишондиҳандаи сатҳи воқеии ноумедии вай унвон кард.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Август 16, 2022 10:35 Asia/Dushanbe
  • Пайдо шудани 11 асноди маҳрамонаи Амрико дар иқоматгоҳи Трамп
    Пайдо шудани 11 асноди маҳрамонаи Амрико дар иқоматгоҳи Трамп

Мушовири собиқи амнияти миллии Амрико дурӯғҳои Трампро нишондиҳандаи сатҳи воқеии ноумедии вай унвон кард.

FBI дар пайи юриши душанбеи гузашта ба иқоматгоҳи Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии пешини Амрико, асноди қазоиеро мунташир кард, ки нишон медод ин амалиёт бахше аз таҳқиқ дар бораи нақзи эҳтимолии се қонуни муртабит бо наҳваи бархӯрду идораи асноди давлатӣ тавассути Трамп будааст.

Ҷон Болтон, мушовири собиқи амнияти миллии Амрико дар гуфтугӯ бо “Ню-Йорк таймс” гуфт: Дифоиёти Трамп пас аз бозёбии асноди табақабандишуда тавассути ФБР (FBI) аз амлоки ӯ сатҳи воқеии ноумедиро нишон медиҳад.

Болтон дар идома ҳар гуна ҳамкорӣ ва даст доштан дар нигаҳдории асноди табақабандишуда дар хонаи Трампро рад кард ва гуфт, ки ҳаргиз дар ҷараёни чунин достонҳое набудааст.

Бар асоси асноди қазоӣ, ки рӯзи ҷумъа интишор ёфт, FBI дар ин ҷустуҷӯ 11 ҷаъба асноди маҳрамона ва табақабандишуда ёфт, ки Трамп дар поёни давраи раёсати ҷумҳурии худ аз Кохи Сафед берун бурда буд ва рӯйи бархе аз ин ҷаъбаҳо муҳри комилан маҳрамона зада шуда будааст.

Ин дар ҳолест, ки Трамп то кунун бо инкори ҳамаи иттиҳомоту хатокориҳо гуфта, ки ин аснодро дар ҳангоми иқомат дар Кохи Сафед аз ҳолати маҳрамона берун овардааст.

Иттиҳомот алайҳи раиси ҷумҳурии собиқи Амрико дар ҳолест, ки вай дар паёме муддаӣ шуд, шиносномааш дар ҷараёни ҳамлаи полиси федералӣ ба иқоматгоҳи тафреҳияш дар Мар-а-Лаго (Mar - a – Lago) дар Флорида мусодира шудааст.

Ба гуфтаи Трамп, чунончи авзоъ дар ин кишвар баъд аз бозрасии FBI аз маҳалли иқомати ӯ ором нашавад, иттифоқоти ваҳшатноке рух хоҳад дод.

 

Бештар бихонед: