Август 17, 2022 10:44 Asia/Dushanbe
  • Шоки Газпром ба Аврупо ; эҳтимоли афзоиши 60 дарсадии баҳои газ

Ширкати русии « Газпром » ҳушдор дод, ки мумкин аст қиматҳо то зимистон 60 дарсад бештар аз сатҳи кунунӣ афзоиш ёбад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , ширкати Газпром  ҳушдор дод ки бар асоси баровардҳои эҳтиёткорона қиматҳо мумкин аст то зимистон 60 дарсад афзоиш ёбад .
Буҳрони камбуди газ ва ҳомилҳои энержӣ дар Аврупо, ки таъминкунандаи аслии он Русия буда  ба муҳимтарин нигаронии кишварҳои аврупоӣ табдил шудааст.
Бо инки бисёре аз кишварҳои ғарбӣ таи солҳои ахир муддаии талош барои канор гузоштани сухтҳои фусилӣ дар мубориза бо тағироти иқлимӣ шудаанд, пас аз мувоҷиҳа бо буҳрони энержии ношӣ аз таҳрими Русия ба бозгушоии нерӯгоҳҳои қадимӣ рӯй овардаанд, ки бо фаровардаҳои нафтӣ ва ангиштсанг кор мекунанд .
Ин дар ҳоле аст, ки содироти гази Русия ба Аврупо аз тариқи хати лулаи « Мавҷи шимолӣ » ҳамакнун бо 20 дарсади зарфият дар ҷараён аст ва ширкати Газпром далели коҳиши содироти худро аз мадор хориҷ шудани ду турбинаи тақвияти фишор унвон кардааст .