Август 28, 2022 12:08 Asia/Dushanbe
  • Тирандозӣ дар Индианополиси Амрико
    Тирандозӣ дар Индианополиси Амрико

Се низомии ҳоландӣ, ки дар ҳоли гузарондани давраи омӯзишӣ дар Амрико ҳастанд, рӯзи шанбе ба вақти маҳаллӣ дар тирандозӣ дар Индианополис захмӣ шуданд.

Се низомии захмишуда ба бемористон мунтақил шудаанд ва ҳоли яке аз низомиён бисёр вахим гузориш шудааст.

Тибқи гуфтаи идораи полис, тирандозӣ пас аз соати сеюними бомдоди шанбе ба вақти маҳаллӣ дар сохтмони маскунии шумораи 100 Меридиан рух додааст.

Бархе расонаҳои маҳаллӣ эҳтимоли ин ки низомиҳои ҳоландӣ пеш аз маҷруҳ шудан вориди як даргирии мусаллаҳона шуда бошандро дур аз зеҳн надонистанд, аммо мақомоти ҳоландӣ бо фирор аз посух ба ин эҳтимол, мавзуъро ба полиси Индианополис (Амрико) ирҷоъ доданд.