Сентябр 04, 2022 11:48 Asia/Dushanbe
  • Трамп  давлати Байденро таҳдид кард

Раиси ҷумҳӯри пешини Амрико давлати Ҷо Байденро пушти пардаву муқассири юриши полиси федералӣ ба хонааш донист ва таҳдид кард, ки ин мавзӯъ вокунишҳоеро ба ҳамроҳ хоҳад дошт, ки « ҳеҷ кас то ба ҳол надидааст »

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз торнамои Индипендент, Трамп рӯзи шанбе ( ба вақти маҳаллӣ ) дар ҷамъи ҳаводоронаш дар Пенсилвания ва дар аввалин ҳузури алании худ пас аз юриши ҳаштуми августи полиси федероли Амрико ба хонааш дар  Флорида гуфт : « Ҳеҷ намӯнаи возеҳтаре аз таҳдиди воқеии озодии Амрико аз иттифоқоти чанд ҳафтаи пеш вуҷуд надорад ; замоне ки шоҳиди яке аз такондиҳандатарин суистифода аз қудратҳо тавассути давлат дар таърихи Амрико будем . »
Раиси ҷумҳӯри пешини Амрико гуфт давлати Байден бар ин ҳамла назорат доштааст; амале ки бархилофи протоколҳои қадимӣ мабнӣ бар ин ки вазорати додгустарӣ ва полис мустақил аз Кохи Сафед амал мекунанд,аст .
Трамп ба ҳаводоронаш гуфт, ки « Суистифодаи фоҳиш аз қонун » мунҷар ба « рӯйдодҳое хоҳад шуд, ки ҳеҷ кас ҳаргиз онро надидааст » .
Раиси ҷумҳӯри пешини Амрико ҳамчунин ба суханронии ҳафтаи ҷории Байден посух дод, ки дар он гуфта буд Трамп ва ҳомиёни ҷумҳурихоҳаш « намояндаи ифротгароӣ ҳастанд, ки пояҳои ҷумҳурии моро таҳдид мекунад » .
Трамп ин суханонро ба шиддат маҳкум кард ва онро « бадтарин, нафратангезтарин ва тафриқаангезтарин суханронии як раиси ҷумҳӯрии Амрико » хонд .
Ҳадафи Трамп аз суханронӣ дар Пенсилвания ҷалби ҳимояти ҷумҳурихоҳон пеш аз интихоботи миёндавраии ноябр аст.