Сентябр 05, 2022 17:03 Asia/Dushanbe
  • Зилзилаи 5,3 рихтерӣ дар Покистон

Маркази ларзанигории Покистон эълом кард имрӯз ( душанбе ) заминларзае ба қудрати 5,3 Рихтер бахшҳое аз Исломобод ( пойтахти Покистон ),Ровилпиндӣ ва манотиқи мухталифи иёлати Хайбарпахтунхоҳро ларзонд .

Ба гузориши нашрияи Экспресс ниюс, мардуми Покистон дар паи вуқуъи заминларза бо ваҳшат ба хиёбонҳо омаданд, аммо то кунун гузорише аз талафоту хисороти эҳтимолӣ эълом нашудааст .
Дар ҳамин ҳол бомдоди имрӯз ( душанбе ) заминларзае бо қудрати 5,3 дар миқёси амвоҷи дарунии замин ( Рихтер ) шаҳри Ҷалолобод-маркази вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистонро ҳам ларзонд.

 

Барчасп