Сентябр 08, 2022 17:42 Asia/Dushanbe
  • Улянов: Судури қатънома зидди Эрон дар Шӯрои ҳуккоми ожонс ғайрисозанда аст
    Улянов: Судури қатънома зидди Эрон дар Шӯрои ҳуккоми ожонс ғайрисозанда аст

Намояндаи Русия дар Созмони байналмиллали дар бораи натиҷаҳои судури қатъномаи зидди эронӣ дар Шӯрои ҳуккоми ожонси байналмиллалии энержи атомӣ ҳушдор дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Михаил Улянов, намояндаи Русия дар Созомонҳои байналмиллалии мусатқар дар Вена дар паёми твиттер дар вокуниш ба паёми твиттерии хабарнигори рузномаи Волэстрит журнол дар бораи натиҷаҳои манфии судури қатъномаи зидди эронӣ дар Шӯрои ҳуккоми ожонси байналмиллалии энержи атомӣ ҳушдор дод ва навишт: Бояд паёмадҳои бисёр манфии қатънома дар бораи Эрон дар нишасти июни Шӯрои ҳуккоми ожонси байналмиллалии энержи атомиро ба хотир бисупорем.

Рафаэл Гросси, раиси ожонси энержи атомӣ дар ин гузориш Эронро ба набуди таъомул бо ожонси байналмиллалии энержи атомӣ дар хусуси масоили боқимондаи подмони мутаҳам карда аст.

Ожонси байналмиллалии энержи атомӣ дар солҳои гузашта бархе аз иддаоҳои матраҳшуда аз сӯи режими саҳюнистӣ дар бораи барномаи ҳастаӣ Эронро мавриди таваҷуҳ қарор дод ва такрор карда аст Теҳрон ин иддаоҳоро сохтаги дониста ва онҳоро рад карда аст.