Қасди ФБР барои тафтиши хонаи бархе аз тарафдорони Трамп
https://parstoday.ir/tg/news/world-i91156-Қасди_ФБР_барои_тафтиши_хонаи_бархе_аз_тарафдорони_Трамп
Як мақоми ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико эълом кард, Идораи таҳқиқоти федерол (ФБР) қасд дорад ба зудӣ ба хонаҳои даҳҳо тан аз тарафдорони Доналд Трамп юриш бибарад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 12, 2022 11:27 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли юриши ФБР ба хонаи тарафдорони Трамп
    Эҳтимоли юриши ФБР ба хонаи тарафдорони Трамп

Як мақоми ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико эълом кард, Идораи таҳқиқоти федерол (ФБР) қасд дорад ба зудӣ ба хонаҳои даҳҳо тан аз тарафдорони Доналд Трамп юриш бибарад.

Муовини ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико дар иёлати Калифорния гуфт, мақомоти полиси федералии Амрико (ФБР) дар назар доранд барои анҷоми таҳқиқоти бештар дар бораи Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии пешини Амрико ба хонаи атрофиёни вай юриш бибаранд. Ин таҳқиқот дар бораи ҳамалоти шашуми январ ба сохтмони Конгресс аст.

Ӯ бо муттаҳам кардани демократҳо ба сӯиистифода аз қудрат афзуд, ин афрод танҳо бар асоси банди аввали қонуни асосии Амрико дар бораи озодии баён, ба ҳимоят аз шиори “Нахуст Амрико” ( шиори Трамп) пардохта буданд.

Вай гуфт, онҳо бо тактикаҳои тарсдиҳӣ ба дунболи ҳадаф қарор додани ҳомиёни раиси ҷумҳури пешин ҳастанд.